Вазорати адлияи Қазоқистон огаҳинома дар бораи таъсиси ҳизби нави сиёсиро қабул накард

Департаменти хадамоти бақайдгирӣ ва ташкили хидматрасониҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Қазоқистон огаҳиномаи як гуруҳи фаъолон барои сабти номи ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ел тірегі”-ро рад кард.

Гуруҳи ташаббускор 6 январ ба Вазорати адлияи Қазоқистон рафтанд, то аз тасмими худ барои таъсиси ҳизби нав дар он кишвар хабар диҳанд. Дар огаҳиномаи гуруҳ омадааст, ба ҳайати ташаббускорони таъсиси ҳизби нав фаъолон аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон шомиланд.

Ташаббускорон гуфтанд, тибқи банди 6-и Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсии Қазоқистон, рӯйхати аъзои гуруҳи ташаббускор ва кумитаи иҷроияи ҳизбро таъсис дода, бо ироаи он аз Вазорати адлияи Қазоқистон хостанд, то тасдиқ кунад, ки огаҳиномаро қабул кардааст.

Вале дар номае зери имзои иҷрокунандаи вазифаҳои Департаменти хадамоти бақайдгирӣ ва ташкили хидматрасониҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Қазоқистон Евгения Холметска гуфта шуда, ки ба иллати мавҷуд будани номи баъзе аз шаҳрвандони фавтида ва онҳое, ки шахсияташон тасдиқ нагаштааст, огаҳинома қабул карда намешавад.

Ҳуқуқшиноси гуруҳи ташаббускор Нурсултон Ермаханов гуфт, мехоҳанд Вазорати адлияи Қазоқистонро барои радди огаҳиномаи онҳо ба додгоҳ кашанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.