Вазорати кишоварзии Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр кард

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон харитаеро таҳия кардааст, ки кишоварзон аз он дар бораи дар кадом минтақа чӣ зироат ҳосили бештар медиҳад, маълумот мегиранд.   

Ин вазорат рӯзи 13-уми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, ҳадаф аз таҳияи ин харита  “расонидани кӯмаки машваратӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати ба нақшагирии кишти зироатҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд, аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил” мебошад.   

Муаллифони ин харита пешниҳод кардаанд, ки он дар шакли китоб нашр ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тақсим карда шавад.

Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ сохти колхозҳоро барҳам дод ва ба ҷойи он хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ ташкил ёфтанд. Ҳоло дар кишвар ба иттилои вазорат 172 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ амал мекунанд. Аксарияти ин хоҷагиҳо замини каме дар ихтиёр доранд ва бинобар заъфи молӣ наметавонанд таҷҳизоти муосири кишоварзӣ харидорӣ кунанд ва мизони ҳосилнокии киштаҳояшон ҳам хеле поин аст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.