Вазорати маориф ва илм дар самти ташкили таҳсилоти фосилавии фарогири босифат ва муттасил кор бурда истодааст

ДУШАНБЕ, 11.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/.  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти банаворгирии дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра азхуд шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ кор бурда истодааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ (алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) ташкил ва баргузор гардид. Сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дошта, иқдоми мазкур ҳамчун қадами аввал дар рушди самти дарозмуддат, ки тамоми синфҳои аз 1 то 11-ро фаро мегирад ва дар асоси талаботи барномаҳои таълимӣ таҳия хоҳанд шуд, амалӣ мегардад. Тибқи нақшаи пешакӣ дар назар аст, ки қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Сафина» ва «Баҳористон» пахш гардад. Ҳамзамон, филмҳои аниматсионӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешакӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳия гардидаанд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар самти ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасил бо хонандагон, падару модар ва аҳли ҷомеа фаъолона кор мебарад.

Бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақшаи омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи маорифро таҳия намуд, ки он масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаро ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, ҳамчунин идомаи таҳсилро дар давраи таътил фаро мегирад.

Нақшаи мазкур усулу воситаҳои алтернативӣ барои таълими фосилавии хонандагон, дастуру тавсияҳо ба падару модар оид ба дастгирии таҳсили кӯдакон дар хона, пурра азхуд шудани барномаҳои таълимӣ, омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва ҳамзамон, эмин доштани кӯдакон аз сироятшавӣ ба COVID-19-ро муайян месозад.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ вобаста ба масъалаи мазкур иброз дошт, ки «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз хуруҷи ногаҳонии COVID-19 ва ба таътили ғайринавбатӣ фиристодани хонандагон зарурати ба роҳ мондани таълими фосилавиро ҷиҳати аз худ намудани барномаҳои таълимӣ тавассути имкониятҳои мавҷуда баррасӣ намуда, ба шарикони рушд пешниҳод намуд. Бо мақсади аз худ намудани маводи барномаи таълимӣ, ҳифз ва ҳимояи кӯдакону хонандагон аз пандемия бо дастгирии ЮНИСЕФ ва кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифта шуд, ки дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ ба навор гирифта шуда, дастрасии кӯдакон, оила ва хоҳишмандон ба таълим таъмин шавад.Таҳсилоти фосилавӣ ва дарсҳои видеоӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ таҷрибаи аввалин аст. Итминон дорем, ки таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ давра ба давра такмил ёфта, ба низоми муқаррарии таълим ворид мешавад ва дар ин самт таҷрибаи шарикони рушд ва дигар кишварҳо муҳим аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва истифода аз нерӯи пешқадами аҳли маориф, таҷрибаи миллию байналмилалӣ дастрасӣ ба таҳсилоти босифатро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоем».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.