Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, то як ҳафтаи дигар санадҳояшонро қонунӣ кунанд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷироне, ки дар Русия ҳуҷҷатҳояшон камбудӣ дорад, хостааст, ки то 15-уми июн санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи Вазорат, муҳоҷироне ки ҳуҷҷатҳои худро то ин сана, яъне як ҳафтаи дигар қонунӣ намекунанд, аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.  

Дар навори таҳиякардаи Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфта мешавад, ки муҳоҷирон барои қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳои худ бояд ба мақомоти бахши муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар Русия муроҷиат кунанд. “Аз қайди давлатӣ гузашта, тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳуқуқиро дастрас намудан лозим аст”,-гуфтааст Вазорат.  

Масъулини ин ниҳод аз муҳоҷирон хостааст, ки агар суоле доранд, метавонанд ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат дар Тоҷикистон ва минтақаҳои Русия занг зананд.  

Пештар мансабдорони Русия гуфта буданд, муҳоҷироне, ки то 15-уми июн ҳузури худро қонунӣ намекунанд, аз ҳудуди ин кишвар берун карда мешаванд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ дар он кишвар ҳастанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, “ин рақам аз ҳад зиёд аст”. 

Муҳоҷирон ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим хонда мешавад. Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд.

Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурар ифшо намекунад. Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.