Вазорати тандурустӣ хабарҳо дар бораи харидани ваксинаи КОВИД-19-ро рад кард

Як мақоми Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи харидории ваксина аз Русияро рад кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, мунтазир мешаванд, то ваксинаи русии зидди коронавирус ҳама зинаҳоро гузарад. 

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, феълан бо Русия дар бораи харидории ваксинаи зидди коронавирус гуфтугӯ надоранд.

Ализода гуфт, танҳо баъд аз онки ваксинаи зидди коронавирус дар Русия ҳама зинаҳои санҷишро гузарад онҳо дар ин бора сӯҳбат мекунанд. “Мо мунтазири ин ҳастем”-афзуд муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Русия рӯзи 11-уми август эълон кард, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале як идда пажӯҳишгарон ба коромад будани он шубҳа доранд.

Дар ҳоле, ки Русия маъракаи эмкуниро дар бадани 40 ҳазор нафар шурӯъ карду ин ҳам як марҳилаи санҷиш аст, дар Тоҷикистон бовар доранд, ки Русия дар таҳияи ваксина комёб хоҳад гашт. Ин дар ҳолест, ки Маскав ваъда кардааст, аввалин бастаҳои ваксинаро ба Беларус тақдим хоҳад дошт.

Ҳоло даҳҳо маркази тадқиқотӣ дар ҷаҳон беш аз сад ваксинаро озмоиш мекунанд. Бино бар эъломияҳо, Амрико, Чин ва Бритониё беш аз дигар кишварҳо дар роҳи ҳосил кардани ваксинаи коромад ва собитшуда наздиканд.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.