Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторони коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 12-уми октябр 38 мавриди собитшудаи бемории коронавируси навро сабт кард. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел (замони эътирофи мавҷудияти вирус дар кишвар) то кунун коронавирус ба 10 ҳазору 260 кас сироят кардааст. Бештар аз 9100 нафари онҳо шифо ёфта, 79 кас ҷон бохтаанд. Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.