Вазорати тандурустии Қирғизистон хост, дар табобати коронавирус доруҳои исботнашуда истифода нашаванд

Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон нусхаи 5-уми дастурамал оид ба ташхис ва табобати мубталоёни коронавируси навро нашр кард.

Дар миёни тавсияҳо барои табобати коронавирус номи решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл, ки пештар вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев пешниҳод карда буд, дида намешавад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, табибон ҳангоми табобат набояд аз доруҳое истифода баранд, ки коромодии онҳо тасдиқи худро наёфтааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, умифеновир (арбидол), имидазолилпантонамид (ингавирин), эргоферон, интерферони алфа (интерферон, виферон), энисомия йодид (амизон, амизончик, нобезит), полиоксидоний ва инозин аз зумраи чунин доруҳо ҳастанд.

Тавсияи доруҳои дексаметазон, преднизолон, гидрокортизон, химсмеси, теофиллин, эуфиллин, калтсия хлориду оселтамивир дар ҳолатҳои сабук ва миёнаи коронавирус манъ карда шудааст.

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна “табобат” даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.