Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, як каси дигар аз COVID-19 ҷон бохт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта фавти як касро аз коронавируси нав сабт кард. Бо ин шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба 73 нафар расид. Дар шабонарӯзи ахир бемории 41 нафари дигар тасдиқ шудааст. Вазорат мегӯяд, коронавируси нав аз охири моҳи апрел то 15-уми сентябр ба 9129 кас дар Тоҷикистон сироят карда, 7896 нафар ё 86,4 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ, “ҳоло 110 нафари дигар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо аломатҳои бемории COVID-19 зери назорати табибон қарор доранд ва муолиҷа мегиранд”. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафотро дар Тоҷикистон нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорат мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад. Дар ду ҳафтаи ахир нашри хабарҳо дар бораи фавти беморон аз “илтиҳоби шуш” ва коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзудааст, аммо мақомот ба дурустии омори расмӣ пойфишорӣ доранд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.