Вазорати умури хориҷии Узбекистон хушунат нисбати рӯзноманигори лаҳистониро тасдиқ кард

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хушунат раво дидани як корманди ин ниҳодро нисбати рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска шарҳ дод. ВКХ гуфт, он кормандро рондаанд ва вазорат аз рӯзноманигор узрхоҳӣ кардааст.

“Рӯзи 2 феврал дар вазорати корҳои хориҷӣ бо рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска мулоқот сурат гирифт. Пикулитса пештар ба ҳайси хабарнигори телевизиони “Ал-Ҷазира” парвонаи кор дошт. Дар рафти мулоқот ҳолатҳои иловагии дархости вай барои пайдо кардани парвонаи кор баррасӣ шуд”, – хабар дод вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Вазорат ҳамзамон хабар дод, ки баррасии дархости парвонаи кори рӯзноманигор 3 феврал такмил мешавад.

Рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска ахиран навишт, ки як корманди ВКХ Узбекистон нисбати вай хушунати ҷинсӣ раво дидааст. Ин рӯзноманигор дар саҳифаи “Твиттер” навишт, кормандони ВКХ ба вай фишор оварда, талаб кардаанд, дар ивази парвонаи кор, дар бораи Узбекистон хабарҳои мусбат нашр кунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.