Вена мизбони ҷаласаи барномаи ҳастаии Эрон ва қудратҳо мешавад

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, имрӯз дар шаҳри Вена музокирот ба хотири бозгардонидани ИМА ба созиши ҳастаии соли 2015 аз сар гирифта мешавад. Ин созишро кишварҳои абарқудрати олам панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон бо Эрон бастаанд. Соли 2018-ум ИМА аз созиш берун шуда, таҳримҳои Эронро барқарор кард. Дар суҳбатҳои имрӯза талош хоҳад шуд, ки Эронро ба иҷрои талаботи созиш, ки ахиран аз тарафи Теҳрон нодида гирифта мешавад, водор кунанд. Ҳайати ИМА дар шаҳри Вена мебошад, вале дар музокирот ба таври ғайримустақим иштирок мекунад. Баъди анҷоми музокироти ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо гуфта буд, ки пешрафт ҳосил шудааст, вале кори зиёде дар пеш аст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.