Венгрия ба истифодаи Sputnik V иҷоза дод

Венгрия аввалин кишвар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шуд, ки воксинаи сохти русии Sputnik V-ро ба қайд гирифт. Ҳукумат рӯзи 7 феврал гуфт, ки 40 ҳазор дона воксина барои тақсим дар миёни аҳолӣ омода шудааст. Барои се моҳи дигар Будапешт аз Маскав дархости харидории 2 миллион адад воксинаро кардааст. Маҷаллаи мӯътабари тиббии The Lancet  аввалҳои моҳи феврал навишт, ки санҷишу озмоишҳо дар 91,6 дарсади ҳолатҳо фоидаовар будани ин воксинаро дар муқобили COVID-19 собит намуд.  Венгрия инчунин аввалин кишвари аврупоӣ аст, ки воксинаҳои сохташуда дар Чинро амр дода, мунтазири 5  миллион дона воксинаи навъи Sinopharm мебошад. Ҳукумат гуфт, ки моҳи феврал истифодаи воксинаи чинӣ шурӯъ мешавад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.