Вилояти Хатлон тавассути КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 1733 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳо содирот кард

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон соли равон 1733 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳо, аз ҷумла 19 вагон пиёз бо вазни 1140 тонна, 1 вагон сабзӣ бо вазни 49 тонна ва 8 вагон семент бо вазни 544 тонна ба хориҷи мамлакат содирот намудааст. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, молу маҳсулот аз вилояти Хатлон ба дигар минтақаҳои кишвар ва ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешаванд.

Ҳамчунин 3 вагон бо вазни 180 тонна пиёз дар ҳолати банду баст қарор дорад.

Тавре масъули КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Дилшод Шафизода иброз дошт, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ, инчунин  ҳавасмандкунии кишоварзону тоҷирони вилоят ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳани минтақаи Хатлон — Амузанг, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабукиҳои имтиёзнок барои соҳибкорон ва интиқолдиҳандагонро пешниҳод мекунад.

Дар асоси ин имтиёзҳо, барои кашонидани семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг тавассути нимвагон 60%, вагони болопӯш 40% ва барои интиқоли пиёз ва маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда аз ҳамаи истгоҳҳои вилоят 60% сабукиҳо дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, барои ҷалби соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ барои ҳама намуди борҳои аз минтақаи Хатлон содиршаванда ва ҳам ба минтақаи Хатлон воридшаванда 40% сабукиҳо ҷорӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки барои интиқоли борҳои транзитие, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, барои ҳама намуди бор дар вагонҳои инвентарӣ 40% ва дар вагонҳои шахсӣ 35% сабукиҳо муқаррар шудааст. Инчунин, кишоварзону саноатчиёни шаҳру навоҳии вилоят аз истгоҳҳои Бохтар, Ёвон, Шаҳритуз, Ҷ.Балхӣ, Данғара ва Кӯлоб бе мушкилӣ ҷиҳати воридоту содироти маҳсулот метавонанд истифода баранд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.