Вируси “бритониёӣ” ва Тоҷикистон. Мақомот чораҳои пешгирикунандаро месанҷанд

Вазири тандурустии Тоҷикистон омодагии фурудгоҳи байналмилалии Душанберо барои ташхиси намуди нави коронавирус озмоиш кард. Бо ин ҳадаф дирӯз Ҷамолиддин Абуллозода ба фурудгоҳ рафта аз нуқтаи ташхиси бемории Ковид 19, ки ҳар мусофири аз хориҷа воридшуда аз муоини табибон мегузарад, дидан кард. Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, аз аввали сол дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба Ковид-19 сабт нашудааст. Санҷидани дурустии ин изҳороту омори расмӣ тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин дар ҳолест, ки 30 юми январи соли ҷорӣ дар Узбекистон аз сабти аввалин беморе бо навъи бритониёии коронавирус хабар дод. Навъи нави коронавирус дар ҷисми духтари 10-солае ошкор шудааст, ки рӯзи 23 январ ҳамроҳи хонаводааш аз Дубай баргашта буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.