Вируси нав дар Бритониё. Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудияти вуруд аз Аврупоро баррасӣ дорад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз воридшавии шакли нави коронавирус аз Бритониё, масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият барои вуруд аз Аврупоро баррасӣ доранд. Пайдоиши шакли нави коронавирус дар Бритониё бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. 

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала феълан дар баррасӣ аст, ки чигуна маҳдудиятҳо дар вуруди шаҳрвандон аз Аврупо бояд ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорат, рӯзҳои наздик тасмими ниҳоӣ дар ин бора эълон хоҳад шуд.  

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро баррасӣ доранд, ки бархе ҳамсоякишварҳо аллакай чунин тасмимҳое гирифтанд. Аз ҷумла, Узбекистон вуруди шаҳрвандони 8 кишварро ба қаламраваш манъ кард. Бар асоси ин қарор, шаҳрвандони Австралия, Австрия, Дания, Олмон, Итолиё, Ҳолланд, Африқони Ҷанубӣ ва Бритониёи Кабир ҳақ надоранд то 10 январ вориди хоки Узбекистон шаванд.  

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ низ тамосҳои ҳавоӣ ва заминӣ бо Бритониёнро қатъ кардаанд. Мақомоти кишварҳо аз он тарс доранд, ки намуди нави коронавирус аз Бритониён ба кишварҳои онҳо низ доман паҳн накунад.  

Навъи нави вирус, ки зудтар сироят мекунад дар Бритониё бо суръат доман мезанад. Ба гуфтаи донишмандон, навъи нави коронавирус назар ба навъи маъмулиаш 70 дар сад тезтар сироят мекунад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.