Вижагии интихоби президент дар Амрико

Мафҳуми Президент аз калимаи англисии «Praesidens» гирифта шуда, маънояш «шахси дар пеш нишаста» (сидяший впереди) мебошад. Бо ибораи дигар мафҳуми Президент — роҳбари интихобшавандаи мақомоти Иҷроия аст. Дар аксар кишварҳои имрӯзаи олам Президент чун роҳбари мамлакат аз ҷониби халқ ё парлумони кишвар ба муҳлатҳои гуногун интихоб мешавад. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шахсияти маъруфи сиёсиест, ки дар арсаи байналхалқӣ ба тамоми оламиён шинос аст. Дар Аврупову Амрико, Осиёву Африқо умуман, дар тамоми гӯшаю канори олам ҳамагон ному насаби Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро медонанд ва дар бораи фаъолияти сиёсии дилхоҳ Президенти ин кишвар ҳадди ақал маълумоте доранд.

Албатта, барои ҳаёти осоиштаи мардум Конститутсия қабул мешавад, ки дар он вазифа ва уҳдадориҳои асосии тамоми аъзоёни ҷомеа дарҷ ёфтааст. Аз ҷумла, вазифа ва уҳдадориҳои Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосӣ — Конститутсия ба роҳ монда шудааст.

Тибқи моддаи 2-и Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки омадааст:

«Роҳбари мақомоти Иҷроия — Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шумор меравад. Ӯ дар ин вазифа ба муҳлати чор соли муқарраргашта ва ба ҳамин муҳлат ноиби Президент интихоб мешавад».

Номзад ба Президент бояд зода ва шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба синну соли 35 расида бошад. Президенти Амрико ба муҳлати 4 сол, на зиёда аз ду навбат (бо танаффус ё бе танаффус) интихоб мешавад. Рӯзи интихоби Президент сешанбеи якум, баъд аз душанбеи якуми ҳафтаи аввали моҳи ноябр дар соли кабиса соле, ки феврал 29 рӯз аст, гузаронида мешавад. Тартиби интихоби Президент дар Амрико мураккаб буда, танҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хос аст. Бо вуҷуди он ки номзадҳо дар варақаи интихоботӣ навишта мешаванд, мардуми ҳар як иёлот бевосита барои интихоби Президент ва ноиби ӯ овоз намедиҳанд, балки аҳолии ҳар як иёлот аз рӯи шумораи баробари Сенаторҳо ва вакилони палатаи Намояндагон ба Конгресс аз ҳар иёлот «ҳайати интихоботӣ»-и (коллегия выборщиков) Президентро пешниҳод менамоянд. Масалан, калонтарин иёлот аз лиҳози аҳолӣ Калифорния аст, ки дар Конгресс 55 намоянда (2 сенатор ва 53 вакил) дорад ва ба ҳамин миқдор ҳайати интихоботӣ мефиристад. Ё ин ки иёлоти Мэн ва Мантана, ки аҳолиашон нисбатан камтар аст ва 4 намояндагӣ (2 сенатор ва 2 вакил) дар Конгресс доранд ва ба ҳамин миқдор ҳайати интихоботӣ барои интихоби Президент мефиристанд. Дар ҳамин ҷо бояд як нуктаи муҳимро қайд кард, ки роҳбари олии кишвар — Президент дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар интихобот — раъйпурсии умумихалқӣ бевосита интихоб намешавад, балки ба воситаи ҳайати интихоботӣ «коллегия выборщиков» интихоб мешавад. Ҳайати интихоботӣ намояндагони  иёлотҳо буда, аввалан дар иёлотҳои худ овозҳоро соҳиб шуда, сипас аз номи иёлоти мазкур дар Конгресс ба номзадии Президент овоз медиҳанд.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса мебарорем, ки Президент дар интихоботи раъйпурсии умумихалқӣ не, балки дар интихоботи алоҳида ва даври аввали 50 иёлот ва ниҳоят, дар интихоби давраи дуввум дар Конгресс рӯзи сешанбеи якум, баъд аз душанбеи якуми ҳафтаи аввали моҳи ноябр тавассути ҳайати интихоботӣ «коллегия выборщиков» интихоб мешавад. Бинобар ин, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоботи дузинагӣ амал мекунад, яъне аввал дар иёлотҳо интихобот мегузарад ва сипас дар Когресс, ки ин тарзи интихоби Президент танҳо ба Амрико хос буда, вижагии асосии тарзи интихоби Президенти Амрико аз дигар кишварҳо мебошад.

Президенти ИМА роҳбари давлат ва ҳукумат мебошад. Ҳуҷраи кории Президент дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1788 таъсис дода шудааст. Президенти нав интихобшуда 20-уми январи соли нав ба фаъолият шурӯъ мекунад. Баъдтар аз рӯи анъана маросими қасамёдкунӣ гузаронида мешавад. Рӯзи қасамёдкунии Президент 20-уми январ муқаррар гаштааст, ки ин маросим дар даромадгоҳи бинои Конгресс — Капитол баргузор мегардад. Президент дар назди халқ қасам ёд карда, бо муроҷиатнома оид ба барномаи сиёсӣ ва нақшаҳои асосии ҳизби худ баромад мекунад. Аз рӯи расму оин рафти маросимро раиси Суди Олии кишвар роҳбарӣ мекунад. Матни қасами Президент дар  Конститутсия оварда шудааст:

«Ман бо тантана қасам ёд мекунам, ки вазифаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо камоли эҳтиром иҷро хоҳам кард ва тамоми қудратамро барои ҳифзу нигоҳдории Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебахшам».

Президент — мақомоти Иҷроия яке аз рукнҳои пуриқтидори давлатдорӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Новобаста аз он ки Контитутсия қудрати қонунбарориро ба Конгресс додааст, Президент ҳамчун тавсиядиҳандаи асосии сиёсати иҷтимоӣ нақши муҳими қонунгузорӣ низ дорад, ки он барои миллионҳо нафар тавсия мешавад. Президент дилхоҳ қарори Конгрессро рад менамояд ва то даме ки аз се ду ҳиссаи ҳарду палатаи Конгрес (Сенат ва Палатаи намояндагон) ба тарафдории он овоз надодаанд, қарор ё қонун ҳукми қонунӣ намегирад. Президент дар муроҷиатҳои махсус ва ҳарсолаи худ ба Конгресс қонунҳои ба фикри худаш заруриро пешниҳод менамояд. Агар Конгресс қабул кардани онҳоро рад кунад, Президент ҳуқуқ дорад иҷлосияи ғайринавбатии Конгрессро даъват намояд. Илова бар ин, Президент ҳамчун сарвари ҳизби сиёсии ғолиб ва ходими намоён имконият дорад ба афкори ҷомеа таъсир расонад ва бо ин роҳ ба рафти қабули қонун дар Конгресс шароит фароҳам орад. Бо мақсади ҳамкории зич бо Конгресс дар замони имрӯза дар назди Қасри Сафед хадамоти алоқа бо Конгресс ташкил шудааст. Муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии Президент — ин пеш аз ҳама, таъйин намудани роҳбарон ба вазифаҳои асосии давлатӣ, пешниҳоди номзадии судяҳои суди федералӣ мебошанд. Ҳуқуқи дигари муҳими Президент ин авф — бахшидани гуноҳ аст, ки он дар ихтисори муҳлати ҳабс ва ё бекор кардани ҳабси якумра, муайян намудани ҳаҷми ҷарима ва ғайра зоҳир мегардад.

Аз сабаби бениҳоят васеъ будани нақши Президент дар дохил ва хориҷӣ кишвар, ҳатто баъзе коршиносон мафҳуми «империяи Президент»-ро истифода мебаранд. Дар амал татбиқ намудани қонунҳо бар дӯши вазоратҳо вогузор мешавад. Вазирон, ки аз тарафи Президент пешниҳод ва аз ҷониби Сенат таъйин мешаванд, вазоратҳоро идора мекунанд, ғайр аз Вазорати адлия, ки аз ҷониби Додситони Кулл (Судяи суди Олӣ) сарварӣ карда мешавад ва дар якҷоягӣ Шурои вазиронро ташкил медиҳанд.

Инчунин, ба маъмурияти Иҷроия кормандони Қасри Сафед, Шӯрои бехатарии миллӣ, Идораи ҳайати маъмурият, идораи буҷавӣ, Шӯрои мушовирони иқтисодӣ, Идораи намояндагии савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Идораи илм ва технология шомиланд.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ваколатҳои зерин дорад: пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Когресс, даъвати маҷлиси махсуси Конгресс, охири ҳар сол ба Конгресс ҳисобот додан, ба қарорҳо вето гузоштан, таъйин намудани судяҳои Суди федеролӣ, таъйин намудани вазирон, директорони агентиҳо ва дигар мансабҳои роҳбарикунандаи асосии федералӣ, таъйин намудани сафирон, бо мамлакатҳои хориҷӣ муомилоти расмӣ барқарор намудан, то муҳлати дар мансаб қарор доштан сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ будан.

Тарзи интихоби ҳайати интихоботӣ (коллегия выборщиков)

Соли 1787 барои интихоби роҳбари олии кишвар институти  махсус ташкил карда мешавад. Мақсад аз таъсиси институти давлатӣ — ҳайати интихоботӣ (коллегия выборщиков) пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки дар ибтидо ҳизбҳои сиёсӣ дар Амрико фаъолияти на он қадар хуб доштанд. Дар баробари ин, на ҳамаи иёлот тарафдори системаи интихоботи райъпурсии умумихалқӣ буданд. Зеро ҳуқуқҳои иёлоти хурд аз тарафи иёлоти бузург поймол мешуд ва чунин меҳисобиданд, ки агар системаи райъпурсии умумихалқӣ ба роҳ монда шавад,  иёлоти аҳолии зиёд дошта ҳар чор сол пас номзади худро интихоб мекунанд. Бинобар ин, институти ҳайати вакилон дар ҳамон замон вобаста ба тақозои замон таъсис дода шуда буд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардааст.

Дар маъракаи интихоботии Президент нақши Конгресс аввалин дараҷа мебошад. Тавре маълум аст, аз рӯи муқаррароти Конститутсия Президент ва ноиби ӯ тавассути коллегияи интихобчиён (вакилон) интихоб мешаванд. Аммо дар мавриде ки ҳеҷ яке аз номзадҳо овози бештарро соҳиб нашавад, аз се  номзади соҳиби овозҳои бештар гардида дар овоздиҳӣ аз рӯи варақаҳо аз ҷониби депутатҳои Палатаи Намояндагон Президент интихоб мешавад. Дар таърихи Штатҳои Муттаҳида танҳо президент — Ҷон Куинси Адамс (1825-1829) аз тарафи Конгресс интихоб шудааст. Дар баробари ин ва дар ҳамин гуна вазъияти ба амал омада,  барои интихоби ноиби президент Сенат нақши асосиро мебозад. Пас аз интихоби Президент аз ду номзаде,  ки овозҳои  бисёртар доранд, Сенат Ноиби Президентро тавассути бюллетенҳо интихоб менамояд.

Рӯзи овоздиҳии вакилон пас аз гузаштани 41рӯз аз интихоби худи вакилон муқаррар шудааст. Овоздиҳӣ сешанбеи якуми моҳи ноябр баргузор мегардад. Баробари интихоби Президент ноиби ӯ низ интихоб карда мешавад. Иёлотҳо аз болои вакилони худ назорат мебаранд, зеро онҳо намояндаи иёлот мебошанд ва аз номи кулли иёлот овоз медиҳанд.

Аз соли 1789 то ҳол тарзи интихоботи Президенти Штатҳои Муттаҳида тағйир наёфтааст. Президентҳое, ки ду навбат пайиҳам президентӣ кардаанд, аз рӯи шумора як навбат ҳисобида мешавад. Масалан, Ҷорҷ Вашингтон (1789-1793,1793-1797), ки ду навбат пайиҳам интихоб шуда буд, аз рӯи шумораи президентҳо дар Штатҳои Муттаҳида аввалин президент ба ҳисоб меравад. Вале то кунун ягона нафаре, ки ду навбат бо танаффус  президентӣ кардааст, Гровер Кливленд (солҳои1885-1889 ва дуюм навбат1893 -1897) мебошад, ки аз рӯи шумора 22-юм ва 24-ум Президент ба ҳисоб меравад. Франклин Делано Рузвелт (1933-1945) аввалин ва охирин Президент мебошад, ки дар ин вазифа чаҳор маротиба пайиҳам интихоб шудааст.

Дар Штатҳои Муттаҳида ҳангоми иҷрои вазифа чаҳор президент фавтидаанд: 9-ум президент Уилямс Гаррисон (1841-1841), 12-ум президент Закари Тейлор (1849-1850),  29-ум президент Уорен Гординг (1921-1923) ва 32-юм президент Франклин Рузвелт, ки дар навбати чоруми президентӣ  вафот мекунад. Чаҳор президенти дигари Амрико дар вақти иҷрои вазифа кушта шудаанд: 16-ум президент Авраам Линколн (1861-1865), 20-ум президент Ҷеймс Гарфилд (1881-1881), 25-ум президент Уилям Мак-Кинли (1897-1903) ва 35-ум президент Ҷон Кеннеди (1961-1963).

Аз ҳама муҳлати кӯтоҳтаринро дар ин вазифа Уилямс Гаррисон гузаронидааст. Ӯ ҳамагӣ 31-рӯз соли 1841 президентӣ карда аст. Аз ҳама бештар ба ин вазифаи ифтихорӣ, Президенти 32-юми Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Франклин Делано Рузвелт сазовор шудааст. Ӯ чаҳор навбат пайиҳам ба мансаби президенти сазовор шудваст. Ғайр аз ин 14-президенти дигар ду навбати пай дар пай президентӣ кардаанд.

Аз замони таъсисёбиаш то рӯзҳои мо дар Амрико ҳамагӣ 45-Президент интихоб шудааст. Айни замон 45-ум президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мебошад.

Дар охир бояд гуфт, ки ҳайати вакилон (коллегия выборщиков) дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ин системаи дузинагии интихоби Президент мебошад, ки дар тамоми қаламрави Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ягона буда, то ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Чунин тарзи интихоби роҳбари мамлакат танҳо ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико хос аст. Вале ба ин ва дигар хусусиятҳо нигоҳ накарда, дар  системаи интихоби Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Конститутсия аввалин бор дар таърихи инсоният вазифаҳои президентиро дар Амрико таъсис намуд ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико нахустин давлатест, ки ҳукумат бо роҳбарии Президент дар он амал кардааст.

Сайфиддин МУРОД, муаррихи ҷавон

Сообщение Вижагии интихоби президент дар Амрико появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.