ВКД ҳамлаи як донишҷӯ ба устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро шарҳ дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қазияи ҳамла ба декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ дар Донишгоҳи технологиро ба таври расмӣ шарҳ дод.

ВКД мегӯяд, ки як донишҷӯи соли дувум ба хотири аз донишгоҳ ихроҷ шудан, ин устодро бо корд зарба задааст. Масъулини донишгоҳ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки донишҷӯ декан Музаффар Имомназаровро барои нагузоштани баҳо ва даъват кардани падараш захмӣ кардааст.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса баъд аз чоштгоҳи рӯзи 28-уми январ дар ошёнаи 2-юми Донишгоҳи технологӣ руй додааст. Ба иттилои манбаъ, зарбаи корд ба шиками декан бархӯрдааст ва дар пай ӯ ба бемористон интиқол ёфтааст.

Дар хабар роҷеъ ба вазъи саломатии декани факултаи менеҷменти байналмилалӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо Нарзуллоҳ Салоҳов, муовини декан оид ба тарбия ва аз зердастони Музаффар Имомназаров рӯзи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Музаффар Имомназаров дар корпуси 5-уми беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ аст ва ӯро чанд маротиба ҷарроҳӣ намуданд ва айни замон вазъи саломатиаш муътадил гуфта мешавад.

Назруллоҳ Салоҳов, дар шарҳи ҳодиса гуфт, “донишҷӯ аз санҷишҳо қарздор будааст (манзур аз санҷиш нагузашта ва баҳо нагирифтаст). Падарамро ба донишгоҳ даъват кардед гуфта, ба ин кор даст мезанад”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин донишҷӯ, ки сокини ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ будааст, аз ҷониби пулис ба гумони “сӯиқасд ба одамкушӣ” боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.

Музаффар Имомназаров, дотсент, номзади улуми иқтисодӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2019 декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинг мебошад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.