ВКД: ҳомиёни Отамбоев шиносоӣ бо парвандаро ба дарозо мекашанд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, вакилони дифои президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев шиносоӣ бо маводи парвандаи марбут ба ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаевро ба дарозо мекашанд.

Ин ниҳод ҳамчунин хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон имкони шиносоӣ бо парвандаи мазкурро 5 август дарёфт кардаанд, рад кард.

“Отамбоев ва ҳомиёни ӯ — Слеварев ва Жоошев 30-юми август огаҳ карда шуданд, ки таҳқиқи парванда ба поён расид. Рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр вакилони дифоъ барои шинос шудан бо парванда наомаданд ва сабабҳоеро пеш оварданд, ки тасдиқи худро наёфтанд. Отамбоев ва ҳомиёнаш рӯзи 4-ум низ аз имзои санади эъломи ба поён расидани тафтишот худдорӣ карданд”, – омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ба вакилони дифои Отамбоев аз 6 то 11-уми сентябр муҳалат дода шудааст, ки бо маводи парванда шинос шаванд.

Вакили дифои Отамбоев — Замир Жоошов дар навбати худ иддаои вазорат дар бораи имзо нашудани санади анҷоми тафтишотро рад кард. “Отамбоев аз рӯзҳои аввал чизеро имзо намекунад. Вакилони дифоъ имзо мекунанд. Санади эъломи анҷоми тафтишотро мо имзо кардаем. Дар мавриди шиносӣ бо парванда бояд гуфт, ки додгоҳ бо дархости муфаттишон муҳлати тафтишот ва ҳабси пешакии Отамбоевро то 26 октябри соли равон дубора дароз кардааст ва бинобар ин, мо барои шиносоӣ вақти кофӣ дорем. Қонун ҳам муҳлати шиносоиро маҳдуд накардааст. Вале вазорат бо сабабҳое мехоҳад, раванди тафтишотро зудтар ба поён расонад”, – изҳор дошт Жоошев.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.