ВКД 31 ронандаро аз рӯи расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон ҷарима бастааст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  аксҳои нашркардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро таҳқиқ карда, 31 ронандаро бо шумули як бону ба қонуншиканӣ муттаҳам кардааст.

  • Ба иттилои ВКД муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар натиҷа ронандагони воситаҳои нақлиёт муайян ва ба мақомоти милиса оварда шудаанд.
  • “Зимни пешбурди корҳои санҷишӣ муайян шуд, ки аксарияти ронандагони дар аксҳо иъикосгардида, автомашинаи худро дар дохил ва назди таваққуфгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст гузоштаанд, ки ин амали онҳо боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандон гардидааст”, – омадааст дар баёнияи ВКД.
  • Нисбати ронандагони дастрасгардида тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо  огоҳонида шуданд, ки минбаъд Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намоянд.
    Ин ҳам дар ҳоле, ки назари ҳич кадоми аз ронандаҳо ё намояндаи қонунияшон дар ин бора маълум нест.
  • ВКД ному насаби ин афрод ва аксҳои онҳоро нашр кардааст, ки миёни онҳо бону У.Д. низ ҳаст. Бо назардошти он ки ризо будан ё набудани шаҳрвандон барои нашри аксҳояшон маълум нест, МедиаМаркер аз нашри аксу видео худдорӣ мекунад.
  • Мавриди зикр аст, ки дар доираи ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон ҳузури ВКД дар шабакаҳои иҷтимоӣ густурда шуда, вокуниш ба муроҷиатҳои корбарон ҷузъи муҳимми фарҳанги нави кори мақомот дар шаҳри Душанбе гаштааст. Раёсатҳои корҳои дохилии дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон, назири Хуҷанду Кӯлобу Хорӯғ аз ин таҷриба тақрибан истифода намекунанд.

The post ВКД 31 ронандаро аз рӯи расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон ҷарима бастааст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.