ВКД аз боздошти Иззат Амон дар Душанбе хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Иззат Амон, ҳомии шинохта дар миёни муҳоҷирони корӣ, дар Душанбе боздошт шудааст.

Ин ниҳод дар иттилоияи расмие, ки рӯзи 27-уми март дар сомонааш нашр кард, гуфтааст, Иззат Амон бо “сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия” бо қарори додгоҳ аз ин кишвар “ронда шуд”.

Мақомоти тоҷик ин фаъоли шинохта дар миёни муҳоҷиронро ба “қаллобӣ” гумонбар медонанд.

Иттиҳоме, ки ҷонибдорони Иззат Амон онро сохта ва ба фаъолиятҳои кории ӯ дар Русия рабт медиҳанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба мақомоти тоҷик хуш намеомад.

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав аст, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.

Ҷонибдоронаш рӯзи 25-уми март аз нопадид шудани ӯ хабар доданд. Дар як навори аз қабл сабтшуда Иззат Амон иддао кардааст, ки таҳти таъқиб қарор дошт ва дар сурати боздошт ӯро “бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд”.

Иззат Амон дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.

Аз ин пеш додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст.

Моҳи октябри соли гузашта, мақомоти интизомии Маскав дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи “ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна” тафтиш карда буданд. Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук нашр шуд, гуфта буданд, “Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст”. Иззат Амон он замон гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.