ВКД-и Русия маълумотномаи электронии хориҷиҳоро ташкил мекунад

ВКД-и Русия мехоҳад як пойгоҳи воҳиди электронии бақайдгирии хориҷиҳоро таъсис диҳад, ки дар он маълумот оид ба тамоми шаҳрвандони кишварҳои беруна, аз ҷумла, муҳоҷирони корӣ ворид шуда, хориҷиҳо бар асоси он метавонанд кору фаъолияти расмии худро ба роҳ монанд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти ВКД-и Русия мегӯяд, ин пойгоҳ як захирагоҳи электронии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ мешавад ва дар он баробар бо аксу ному насаб ва маълумоти биометрии шахс, маълумот оид ба макони кору зиндагии ӯ дар Русия  ворид мешавад.

Қонуне, ки барои ҷорӣ кардани ин навъи пойгоҳ қабул хоҳад шуд, аз кордиҳанда ва худи шаҳрванди хориҷӣ талаб мекунад, ки дар ин пойгоҳ сабтином шуда, ба хадамоти давлатӣ дастрасӣ пайдо кунад, созишномаи корӣ имзо кунад, андоз супорад ва дар бораи хотима ёфтани мӯҳлати санадҳои қонуниаш расман огоҳонида шавад. Ин пойгоҳи электрониро реестр ё феҳристи электронӣ ҳам меноманд. 

Моҳи ноябри порсол ВКД-и Русия гуфта буд, ки пойгоҳи умумии маълумоти биометрии шаҳрвандони Русия ва хориҷиро омода мекунад, то ки ҳуввияти шахс аз рӯи аксу маводи биометрии ӯ шиносоӣ шавад. 

Ин пойгоҳ дар ҳоле тартиб дода мешавад, ки дар Русия ходимони ҳифзи қонун дар бисёр ҳолатҳо худ ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон даст мезананд, аз онҳо пул тамаъ мекунанд ваё бо таҳдиди зиндонӣ ваё ихроҷ кардан аз кишвар азият мекунанд. То куҷо қонуни нав метавонад пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо ва ҳам фасодро бигирад, феълан маълум нест.

ВКД-и Русия гуфтааст, ки моҳҳои январу феврали соли 2021 дар Русия тахминан 2 миллион нафар ба қайди хадамоти муҳоҷират гирифта шуданд ва ин омор ду баробар камтар назар ба ҳамин мӯҳлати соли 2020 будааст. Соли 2020 шумори муҳоҷирон дар Русия ду баробар коҳиш ёфта, 6,3 миллион нафарро ташкил додааст, дар ҳоле, ки солҳои аз ин пеш дар Русия аз 9 то 11 миллион муҳоҷири хориҷӣ бо кору даромад машғул будааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.