ВКД мегӯяд, Шайх Ризоевро “муштариёни тарабхона латукӯб кардаанд”

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамла ба Шайх Ризоев, писари 24-солаи Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократро шарҳ доданд.

Вазорат рӯзи 7-уми октябр дар изҳороте гуфт, писари Одинаев “дар ҳолати сархушӣ бо муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст.”

Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Худи Маҳмурод Одинаев қаблан гуфта буд, ки писараш ронандаи такси аст ва ӯро дар назди як тарабхона дар Ҳисор задаанд, вале бовар дорад, ҳадаф аз ин кор тарс додани ӯ буд, то аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашад. Одинаев рӯзи 5-уми октябр гуфт, афроди ношинос бинии писарашро шикаста, ба майнаи сараш осеб расондаанд.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли ахир муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ аст. Вай ҳар чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори мақомоти интизомиро танқид мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро дар изҳороти наваш шахси “иғвоангез” номидааст. Вокуниши Одинаев ба ин изҳорот феълан маълум нест, вале ӯ ҳамеша гуфтааст, ҳадафаш баёни ҳақиқат аст. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.