ВКХ-и Тоҷикистон тафсилоти суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизашро нашр кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, тафсилоти суҳбати дирӯзаи Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казаебаевро нашр кард. Ба иттилои ВКХ, тамоси телефонӣ миёни ду вазир дар робита ба вазъи дар марз, бо ибтикори ҷониби қирғизӣ сурат гирифтааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон тарафдори қатъии ҳалли мушкилоти марзӣ аз тариқи музокирот ва даст ёфтан ба созишҳои қонеъкунанда барои ҳарду кишвар мебошад, “аммо ҳаргиз ҷонибдори додани қитъаи замине нест, ки аз қадим моли вай дониста мешавад”.

Тибқи ин баёния, ҷонибҳо гуфтаанд, ки беэътимодӣ дар манотиқи марзӣ метавонад боиси даргириҳои нав ва талафот дар миёни сокинони осоиштаи ду кишвар шавад. Ҷонибҳо дар ин суҳбат ба “ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд”, ишора кардаанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.