Владимир Познер маҷбур шуд бо меҳмонҳояш Гурҷистонро тарк кунад. ВИДЕО

Журналист ва барандаи ТВ-и Русия Владимир Познер маҷбур шуд, ки баъди эътирозҳо аз сафараш ба Тифлис Гурҷистонро тарк карда ба Маскав баргардад. Познер, ки 1-уми апрел 87-сола шуд, мехост дар як тарабхонаи канори пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис ҳамроҳ бо 40 меҳмонаш, ки ҳамроҳи ӯ савори ҳавопаймои шахсӣ рафта буданд, зодрӯзашро таҷлил кунад. Дар фурудгоҳи Тифлис Познер ба журналистон гуфт, “ман барои таҷлили зодрӯз омадам, на барои баррасии масоили сиёсӣ”.

Мухолифони Гурҷистон ҳанӯз то замони фуруд омадани ҳавопаймои журналисти рус даст ба эътироз зада гуфтанд, ки изҳороти гузаштаи Познер дар бораи Абхозистон, боиси эътирози онҳо аз сафари журналисти телевизиони Русия ба Гурҷистон шудааст. Шоми чоршанбе дар фурудгоҳи Шота Руставелӣ Познеру дӯстонашро журналистони чандин шабакаи телевизионии Гурҷистон ва дар назди меҳмонхона садҳо эътирозгарон пешвоз гирифтанд. Дар миёни кормандони полис ва эътирозгарон задухӯрд ба амал омад. Эътирозгарон интиқоли барқ ба меҳмонхонаро қатъ карданд. Полис дар як занҷира саф кашида нагузошт, ки эътирозгарон ба назди журналист наздик шаванд. Дар ин бора “Эхо Кавказа” хабар медиҳад.

Тарафдорони мухолифон аз мақомоти Гурҷистон талаб карданд, ки Познерро аз кишвар берун кунанд, чун ӯ, ба андешаи онҳо, тамомияти арзии Гурҷистонро эътироф намекунад. Дар изҳороти эътирозгарон садоҳои интиқод аз президенти Русия Владимир Путин ҳам садо дод, ки Познерро дӯсти ӯ меномиданд. Онҳо гуфтанд, ки Познер Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро бахше аз Гурҷистон намеҳисобад.

Соли 2010 зимни шарҳи ҷанги соли 2008 Познер гуфт, ки Гурҷистон “барои абад” Абхозистонро аз даст дод. Ин минтақаи шӯришӣ танҳо аз ҷониби Русия ва чанд давлати дигари муттафиқаш ба расмият шинохта шудаасту халос.

Элене Хоштария, як узви ҳизби оппозитсионии “Гурҷистони аврупоӣ” полисро даъват карда хост, ки зидди шаҳрвандони Русия, ки қонуни карантинро вайрон мекунанд, чораандешӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар шаҳр гаштугузор карда, дар соати қуюди шабгардӣ дар як тарабхона ҷамъ шуданд, дар ҳоле, ки баъди соати 21:00 ҳама ҷо бояд баста бошад. Дар натиҷа, тарабхона дар ҳаҷми 2900 доллар ҷаримабандӣ шуд ва Познеру ҳар як меҳмонаш барои нақзи қоидаи карантин дар ҳаҷми 560 долларӣ ҷарима шуданд.

Баъди ин эътирозгарон меҳмонхонаеро, ки дар он Познеру меҳмононаш истоданд, тухмборон карда, дар рӯи замин навиштанд: “Познер, аз Гурҷистон берун шав”.

Зодрӯзи Познер бояд дар наздикии шаҳри Тифлис баргузор мешуд, вале маърака бекор шуд ва ҳамаи меҳмонҳо маҷбур шуданд Гурҷистонро тарк кунанд. Собиқ вазири давлатӣ оид ба баробарии шаҳрвандӣ Паата Закарейшвили дар сӯҳбат бо Радио Свобода гуфт, ки чунин рафтор бо журналист ғайри қобили қабул аст, вале Познер ва меҳмонҳояш қоидаи карантинро вайрон карданд. Ӯ гуфт:

“Ман ҳам Познерро як таблиғгари Кремл меҳисобам, вале дар ҳеҷ куҷо навишта нашудааст, ки таблиғгаронро ба кишвар роҳ додан мумкин нест”.

Элена Хоштария гуфт, ки “ҳар давлати дуруст он нафареро, ки гуфтааст, Абхозистон бахше аз Гурҷистон несту намешавад, ба кишвар роҳ намедиҳад. Мо айни чунин корро бо Гаврилов пуштисар кардем. Ҳукуматро огоҳ кардем, вале онҳо боз кори худро карданд”.

Соли 2019 баъди он ки мухолифони Гурҷистон талош карданд пеши роҳи баргузории “Шабҳои Гаврилов” ном маъракаи маҷмааи православҳоро бо ширкати намояндагони Думаи давлатӣ бигиранд, Путин парвозҳои мустақим бо Гурҷистонро манъ кард ва ин қарор то ҳол амал мекунад.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.