Владимир Путин қонуни бозгардонидани ҳушёрхонаҳоро имзо кардааст

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қонунеро имзо кард, ки ба маъмурони пулис иҷоза медиҳад, одамони мастро маҷбуран ба ҳушёрхона баранд. Қонун, ки дар махзани расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст, аз рӯзи 1-уми январ ҳукми иҷро мегирад. Тарҳи қонунро Думаи давлатии Русия рӯзи 22-уми декабр қабул кард.

Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, дар тарҳи аввалия гуфта мешуд, фақат мастҳоеро ба ҳушёрхона баранд, ки мустақилона роҳ рафта наметавонанд, вале қонуни феълӣ иҷоза медиҳад, касонеро ҳам ба ҳушёрхона баранд, андаке маст ва нимамаст ҳастанд.

Маъмурони милиса ҳақ доранд, ин гуна афродро бе ризояташон ба ҳушёрхона баранд. Ҳангоми таҳияи қонун ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи табибон мегуфтанд, бе иҷоза бурдани кас ба ҳушёрхона ғайриқонунӣ аст, зеро касе ҳақ надорад, ба инсон бе иҷозаи худаш кумаки тиббӣ бирасонад.

Бар асоси қонуни нав, ҳушёрхонаҳо бояд дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шавад. Яъне хидматрасонии ҳушёрхона ройгон намешавад. Қаблан гуфта мешуд, ки як рӯзи нигаҳдорӣ дар ҳушёрхона 1.5 ҳазор рубл хоҳад буд.

Муаллифони қонун ба таҷрибаи аҳди шӯравии собиқ такя мекарданд, ки солҳои 30-ум ҳушёрхонаҳоро таъсис доданд. Соли 2010 Русия ҳушёрхонаҳоро муассисаҳои нодаркор шумурд ва ҳамаро дар як сол аз байн бурд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.