Вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар Варшава

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Варшава дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ 16 сентябр вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Ингибёрг Гисладоттир баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбари ҳайати давлати мо, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода Мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро бо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва инчунин иҷрои уҳдадориҳое, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барнома ва паймонҳои мухталиф ба дӯш гирифтааст, шинос кард.
Ингибёрг Гисладоттир, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон боздид намуда буд, аз беҳбудӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва инчунин равандҳои дигари рушди ҷомеаи демократӣ дар мамлакат ҳарф зад.

Масъалаи иштироки имконпазири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.