Воксинҷанг. Самти нави муҳорибаҳои иттилоотӣ дар рӯзгори куруноӣ

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар поёни сол муҳорибаҳои иттилоотӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи корбарон идома ёфта, аз зери шубҳа бурдани дастовардҳои ҳамдигар дар муборизиа зидди вирус ба рекломи воксинҳо табдил ёфтааст.

  • Ба иттилои пойгоҳи «Иттиҳоди Аврупо зидди хабарҳои ҷаълӣ» ВАО наздик ба Кремлин, ки қаблан тавоноии ИА ҷиҳати мубориза бо вируси куруноро самти аслии дурӯғпароканӣ медонистанду ваҳдати урупоиро зери суол мебурданд, акнун тағйири самти кор кардаанд.
  • Пойгоҳи мазкур дар асоси дидабонии шабонарӯзии расонаҳо ба хулоса омадааст, ки  шуруъ аз тобистон нашри хабару мақолаҳо бо достони аз ҷониби нухбагони ғарбӣ дар озмоишгоҳ сохта шу2дани COVID-19 тадриҷан кам шудан доранд.
  • Ҷои он достонро «ғалабаи бечунунчаро»- и воксини «Спутник V» гирифтааст.Расонаҳои Кремлин бо забонҳои гуногуни дунё ба ин воксин шуҳрат сохта, хабарҳои ҷаълии зиёде дар бораи “дастгирии ҷаҳонӣ”-и ин воксин паҳн мекунанд.
  • Дар матолиби зиёд Ғарбро ба бойкоти ин воксин бо аҳдофи сиёсӣ ва иқтисодӣ гунаҳкор мекунанд.
  • Ҷолиб аст, ки дар расонаҳои ҳукуматии Русия ширкатҳои дар Ғарб ба  истеҳсоли воксин машғулро чун истеҳсолгарони “воксини маймун” ба истеҳзо мекашанд. Иддаҳое ҳам ҳастанд, ки “ин воксин одамонро ба бузина табдил медиҳад”.
  • Дар Урупо расонаҳои ҷонибдори Кремлин аслан зидди маҳдудиятҳои иҷборӣ (дар Итолиё) ва шарт набудани москпушӣ ва воксинзаниро (дар Олмон) талқин мекунанд. Танҳо як навори RT, ки як пизишкро бо ҳамчунин назарҳо кашф кардааст, беш аз 1 млн. одам дидааст, ки ба назари дидабонҳои урупоӣ хатарзо мебошад.
  • Маврид ба зикр аст, ки дар муҳити иттилотии тоҷикӣ низ ин раванд ба мушоҳида мерасад, ки корбаронро ба ду гуруҳ: ҷонибдорони воксини русӣ ва афроди зидд тақсим кардааст.
  • Хотирнишон мекунам, ки то имрӯз дар саросари дунё беш аз 74 млн. нафар ба вируси куруно мубтало шуда, беш 1,6 млн аз даргузаштаанд.
    .

The post Воксинҷанг. Самти нави муҳорибаҳои иттилоотӣ дар рӯзгори куруноӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.