Воксини амрикоӣ-аврупоии КОВИД-19 моли олимони турк аз Олмон аст

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Ширкати бузурги дирусозии  Prizer аз озмоиши бомуваффақияти воксини КОВИД-19 бо самаранокии 90% хабар дод, ки моли ширкати  туркҳои Олмон  будааст. 
  • Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ширкати амрикоии  Pfizer буҷа  ва зерсохторҳои воксинро  барои  озмоиш фароҳам кардааст, вале  худи идеяи воксин, ихтироот ва дониши фаннӣ дастоварди  ширкати олмонии BioNTech аст. Муассисони он зану шавҳар, туркҳои Олмон – профессорҳо Угур Шоҳин ва Озлем Туречи мебошанд.
  • Профессор Угур Шоҳин дар шаҳри Искендеруни Туркия, дар марзи Сурия таваллуд шудааст. Вай дар синни 4-солагӣ ба Олмони Ғарбӣ кӯчид. Падари ӯ дар корхонаи автомобилсозии Форд дар Кёлн муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин буданд.
  • Ҳамсари Зани ӯ Озлем дар Олмон таваллуд шудааст ва падари ӯ табибе будааст, ки аз Истамбул ба Олмон муҳоҷират карда буд.
  • Ҷуфти олимон дар ҷараёни кор барои якҷоя кор кардан ба тавофуқ расиданд, зеро онҳо дар як соҳа – биотехнология, таҳқиқоти саратон ва истифодаи ҳуҷайраҳои масуният алайҳи он машғули фаъолият мебошанд.
  • Солҳои заҳмат ва садоқат самараи худро доданд. Дар соли 2016, онҳо аввалин тиҷорати худро бо номи  Ганимед ба маблағи 1,4 миллиард доллар фурӯхтанд. Ширкати ҳозира – BioNTech – аз ҷониби онҳо дар соли 2008 таъсис ёфтааст.
  • Пас аз он, ки пешрафтҳои онҳо дар соҳаи вирусшиносӣ аз ҷониби бозигарони асосии бозори ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, арзиши бозории BioNTech ба 25 миллиард доллари ИМА расид.
  • Ҳиссаи ҳамсарон дар ширкат ба онҳо имкон дод, ки ба сарвати худ 5 миллиард доллари дигар илова кунанд. Ҳоло олимон ба рӯйхати сарватмандтарин одамони Олмон дохил  шудаанд.
  • Аммо, онҳо эътироф мекунанд, ки на  пул, балки хоҳиши ба даст овардани кашфиёти муфид ва зарурӣ ва дӯст доштани илм ангезаи онҳост.
  • Профессор Шоҳин то ҳол дар Донишгоҳи Майнз дарс мегӯяд. Вай то ҳол бо дучарха ба мулоқотҳои корӣ сафар мекунад. Ҳамкорон хоксорӣ ва хислати хуби ҳамсаронро қайд мекунанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳоди Аврупо барои харидани 300 миллион воя (доза) маблағ ихтисос дода, кафолат медиҳад, ки тамоми кишварҳои узви созмон дар як вақт ба воксин дастрасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки воксин дар семоҳаи аввали соли 2021 дастраси умум хоҳад шуд.

The post Воксини амрикоӣ-аврупоии КОВИД-19 моли олимони турк аз Олмон аст appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.