Воксинзании муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳанӯз дар нақша нест

Дар Русия ҳанӯз воксинзании муҳоҷирони корӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Масъулони Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД-19 дар Русия ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки  феълан воксинзанӣ барои шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст.

Қаблан мақомоти Маскав эълон доштанд, ки ронандагони таксиҳои пойтахтро, новобаста аз шаҳрвандӣ, ба барномаи эмгузаронӣ шомил кардаанд. Чун онҳо бо мусофирони зиёде хизмат мерасонанд, ки имкони паҳншавии вирус вуҷуд дорад.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Дар авҷи паҳншавии бемории коронавирус дар миёнаҳои соли гузашта хабари фавти муҳоҷирон пас аз сироят ба ин вирус сабт шуда буд, вале шумораи дақиқи фавтидагон маълум нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.