Вокуниши омӯзгор Исмоил Зарифӣ ба муаллифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ”

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Омӯзгор Исмоил Зарифӣ  ба амали Вазорати маориф ва муаллифи китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфи ҳафтум Сайидамир Аминов вокуниш нишон дод, ки аз назари расонаҳо дур монд. МедиаМаркер онро бидуни таҳрир пешкаши корбари гиромӣ мегардонад: 

БА ДИҚҚАТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶАВОБЕ КӮТОҲЕ БА МУАЛЛИФИ КИТОБИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ СИНФИ ҲАФТУМ, «ОЛИМИ ТАВОНО» САЙИДАМИР АМИНОВ
Ман чанд эроди хурдеро оиди китоби синфи ҳафтум «Забони тоҷикӣ» баъди хӯрдагириҳои хонандагон баён намуда будам. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои ислоҳи хатоҳо онро ба муаллифи китоб равон кардааст, ки ба ғазаб ояду ба ман бо лаҳни тунде ҷавоб гӯяд ва маро ба маҳалпарастӣ айбдор кунад. Агар ман маҳалпараст бошам, пас кӣ Ватандӯст бошад?
Эроди ман ба ин шеър буд, ки касе муаллифи гумноми онро намешиносад.
ЗАБОНИ МОДАР
Чӣ сон азиз аст, басо лазиз аст,
Забони модар.
Зи шираи ҷон гирифта ҷавҳар,
Дурдонарез аст,
Аз теғ тез аст,
Забони бурро – забони модар.
Дар арсаи кор
Ту ҳамсадоӣ, ҳам бебаҳоӣ,
Забони корӣ, ҷозиба дорӣ.
Ғайрату завқам
Ту кардӣ бисёр,
Зӯру тавоно – забони модар.
Дар шӯришу ҷанг
Забони фатҳӣ,
Дар ғазаб оӣ, басо шуҷоӣ.
Аду кунӣ қир бо найзаю тир,
Шуда ҳамоҳанг
Ханҷари бурро – забони модар.
Чӣ сон азизӣ, басо лазизӣ,
Забони тоҷик,
Ширинтар аз ҷон, зи нукта борик,
Дурдонарезӣ,
Аз теғ тезӣ,
Ба ту шарафҳо, забони модар!
Иброҳим Раҳматов
Хонандае ва омӯзгоре, ки аз шеър огоҳ аст, ин сафсатаро шеър намехонад. Бори аввал ба хонандагон дар давоми панҷоҳ соли омӯзгориям супориш додам, ки аз мутолиаи ин шеър гузаранд ва онро ҳифз нанамоянд. Муаллиф овардааст: «Ба ғазаб оӣ, басо шуҷоӣ…»
Шумо, ки аз рӯи шунидам шеър ҳам менависед, агар чунин муҳокимаронӣ кунед, вой бар ҳоли шеъру шоирӣ ва шарҳдиҳиатон. Туҳмату иғво аз ин беш намешавад».
Оё ба ӯ ман туҳмат задаам. Ҳамчун омӯзгор, на шоир мегӯям, ки ин шеър ҳарзае беш нест.
Дар шӯришу ҷанг
Забони фатҳӣ,
Дар ғазаб оӣ, басо шуҷоӣ.
Аду кунӣ қир бо найзаю тир,
Шуда ҳамоҳанг
Ханҷари бурро – забони модар.
Оё ин ҳарзагӯиҳоро шеър меноманд?
Дар саҳифаи 42 омадааст:
52. Порчаро хонед ва шарҳ диҳед. Гӯед, ки ифодаҳои бо сиёҳи???
баланд чопшуда ба кадом ҳиссаи нутқ вобаста шудаанд.
Бояд ин олими тавоно дар охир аломати савол мегузошт.
Дӯст он аст, ки маиби дӯст
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ки чун шона бо ҳазор забон
Аз қафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Саъдии Шерозӣ
Дар байти аввал костагии вазн мушоҳида мегардад ва баъд аз дӯст бояд вергул гузошта мешуд. Дар байти дуюм баъд аз на бояд вергул гузошта шавад ва баъд аз рафта вергул лозим нест. Дар пораи болоӣ калимаи «маиб» комилан хато омадааст.
Шакли дурусти ин қитъа чунин аст:
Дӯст он беҳ, ки айби ёрашро,
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На, ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз қафо рафта мӯ ба мӯ гӯяд.
Аслан ман ба ин қитъа дар ягон китоби Саъдӣ дучор наомадаам, вале хонандагон онро чун моли Саъдӣ эътироф кардаанд.
Ҳангоми ҷустуҷӯ ба ман даст дод, ки ба ин қитъа чун шеъри Нишонии Деҳлавӣ дучор оям ва он дар чунин шакл аст:
Дӯст он аст, ки маъойиби дӯст,
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На, ки чун шона бо ҳазор забон
Пушти сар рафта мӯ ба мӯ гӯяд.
دوست آن است کو معایب دوست همچو آیینه روبرو گوید
نه که چون شانه با هزار زبان،
پشت سر رفته مو به مو گوید
نشانی دهلوی
Мутаассифона, «олим» худро ҳақ бароварда гуфтааст: «Мисраи аввали қитъаи Саъдӣ дар шакли «Дӯст он аст, ки маиби дӯст» овардааст». Шумо эрод гирифтед, вале чизе нагуфтед. Ба андешаи мо, эродатон ба имлои вожаи «маиб» тааллуқ дорад. Он аз рӯи қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ омадааст, ки дуруст мебошад».
Агар ин аз рӯи қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ бошад, қурбони чунин олим шавам.
«Олими мӯшикоф» дар ҷавобияи хеш овардааст:
Агар ман шаҳд мебудам,
Соғари нӯши ту мебудам…
А. Шукӯҳӣ
Ин ба он ҳикояи «Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез» мемонад.
О, бародар, инсоф кунед. Рӯҳи Шукӯҳии бузургро нораҳат накунед. Як мисраъ шеърро бо чанд хато пешниҳод кардаед. Худи хонанда хулоса барорад. Ман ин ҷо ду байтро аз ин шеър мегузорам. Хонеду роҳат кунед.
Агар ман лола будам, дар баногӯши ту мебудам,
Агар ман шарф будам, дар бару дӯши ту мебудам.
Агар ман ханда будам, дар лабонат нақш мебастам,
Агар ман шаҳд будам, соғари нӯши ту мебудам.
Олими муҳтарам дар саҳифаи 27-уми китоб овардааст: «Он ҳиссаи нутқ, ки аломати амал, предмет??? ва аломати аломатро фаҳмонида, ба саволҳои кай?, чӣ тарз?, чӣ тавр?, куҷо?, чӣ қадар? ва ғайраҳо ҷавоб мешавад, зарфномида мешавад».
Шакли дурусти ин таъриф бояд чунин бошад, аломати предметро сифат мефаҳмонад:
Он ҳиссаи нутқ, ки аломати амал ва аломати аломатро фаҳмонида, ба саволҳои кай?, чӣ тарз?, чӣ тавр?, куҷо?, чӣ қадар? ва ғайраҳо ҷавоб мешавад, зарф номида мешавад
Шумо бародари арҷманд, хайрият маро намешинохтаед. Ман як омӯзгори кӯҳистонӣ, вале Шуморо нағз мешиносаму эҳтиром ҳам дорам. Бо Шумо соатҳо ҳамсуҳбат будам. Вале ҷумлаи охиратонро дар шакли дуруст ба худатон ирсол менамоям: «Навиштаи ғаразноки шумо водор сохт, ки дурушт гӯям, ба қавли Носири Хусрав «Ба кӯҳ овози хуш гӯ, то хуш ояд!»
Рӯҳи бузурги Ҳаким Носири Хисравро нороҳат карданатон нобахшиданист. Ҳамин чанд пораи шеъри овардаатон гувоҳи донишмандиатон ҳаст. Шакли дурусти шеър ин аст:
Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
مگو ناخوش که پاسخ ناخوش آید
بکوه آواز خوش ده تا خوش آید
حکیم ناصر خسرو
Ва дар охир байти шодравон Пайрав Сулаймониро бо андаке тағйирот меорам ва аз рӯҳи шоир пӯзиш мехоҳам.
Гар «олим»-и тоҷикон ту бошӣ,
Эй вой, ба ҳоли Тоҷикистон!
Бояд ин «олим» аз тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ пӯзиш хоҳад ва ҳаққи қаламе, ки бо ин хизмати хирсона аз давлат баргирифтааст, баргардонад.
ИСМОИЛ ЗАРИФӢ, камтарин омӯзгори МТМУ № 25, шаҳри Панҷакент
Эзоҳ: Ман маводи ин китобро як моҳ пеш бояд таҳлил мекардам, вале бемории замон имкон надод, ки онро таҳлил кунам. Баробари аввалин имкон ва ин посухи хеле тунд ва ноинсофонаи муаллифи китоб рӯзҳои наздик саҳифа ба саҳифа ман ин китобро таҳлил хоҳам кард.

The post Вокуниши омӯзгор Исмоил Зарифӣ ба муаллифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.