Вокуниши Саломиддин Мирзораҳматов ба фитнаи Давлат Сафар

Рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов танҳо рӯзноманигорони тоҷик буд, ки ба матлаби фитнаагези пропагандист ва раҳбари муассисаи давлатии “Адиб” Давлат Сафар, ки замоне худро “вазири журналистони тоҷик” ҳам мехонд,  бо нашри матлаби “Шовинизми маҳал ё Андешахо перомуни як чормисрагии Давлат Сафар” вокуниш нишон дод, ки ба ҳич расона роҳ наёфт: 

Таи чанд рӯз дар ФБ, дар саҳифаи Саъди Маҳдӣ ҷанги иттилоотии байни маҳал давом дошт. Гумон мекунам кадом солимфикре ба Саъдӣ Маҳдӣ маслиҳат дод, ки ин матлаби фитнаангези Давлат Сафарро рубад…

Суратнусхаи нигошта дар гуруҳи фейсбукии “Ормонҳои миллӣ”, ки аз таркибҳои “Фабрикаи ҷавоб” маҳсуб мешавад
«Рубоӣ»-и Давлат Сафар телевизиони «мардуми»-и соли 1992-ро ба ёдам овард. Як маҳал зидди дигар маҳал натанхо бо яроw, балки бо хабарoои иғвоангез низ ҷанг мекард. Ва ҳамин ҷанги иттилоотиӣ даҳшатноктар аз хунрезӣ буд. Телевизиони «мардумӣ», ки аслиҳаи иттилоотии боевикҳои исломӣ буд, ҷониби дигари сангарро маҷбур сохт, радио ва телевизиони худро дар Кулоб созад.
Замона дигар шуд. Имрӯз интернет бо вуҷуди бартариҳои зиёдаш дар дасти афроде, ки Худо онҳоро аз ақли солим маҳрум сохтааст, ба як силоҳи мудҳиш мубаддал гаштааст. Ва пеши роҳи ин офатро гирифтан имкон надорад.
Сараввал намехостам дар бораи ин «шедевр»-и Давлат Сафар, ки аз он на танхо бӯи маҳалгароӣ, балки шовинизми маҳал низ меояд, чизе нависам.

Интизор будам, ки ҳукумат ба ин матлаби иғвоангез вокуниш нишон медиҳад ва Давлат Сафар – директори муассисаи давлатии «Адиб» ба истеъфо меравад. Лекин ин тавр нашуд.

«Рубоӣ» гум шуд, мушкил ҳал шуд. Шояд чунин хулоса карданд масъулини хукумат. Иштибоҳи нобахшиданӣ!
Зеро хабари иғвоангез бо суръати рушноӣ паҳн мешавад ва дер дар хотири мардум боқӣ мемонад. Дигар ин ки чаро як коргари давлат, ки вазифаи масъулиятнокро дар бахши идеологӣ ба душ дорад, мардуми як маҳалро аз дигар махалҳо боло мегирад ва бе ҷазо мемонад?

ФАХРЕМ КИ НАНГУ ОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Мардуми дигар маҳал ҳама бе нангу ор буданд!)
АЗ РУЗИ АЗАЛ (?!) ТАБОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ (Дар дигар маҳалҳои кишвар мардум аз тоҷик буданашон хабар надоштанд!)
БАЪДЕ ҲАМАРО КИ МО САВОРӢ КАРДЕМ (Ай мардуми бадбахту бечораи Зарафшону Бадахшон, Вахшонзамину Раштонзамин, Ҳисори Шодмон, Хуҷанду Истаравшану Конибодому Исфара ва дигар ноҳияхои шимол! Шумо хатто харсавориро ёд надоштед! Шукр гӯед ки…!)
КУЛОБИИ ГАВСАВОРИ МИЛЛАТ ГАШТЕМ. (Муаллиф мардуми шарифи Кулобро таҳқир кардааст!)

Давлат ҳамарӯза дар ФБ ба самореклама машғул аст. Ҳамин ки ба саҳифааш даромадед ҳатман ба акси калонхаҷмаш ва як чормисрагиаш бармехӯред. Мисли Ҷимми аз филмҳои ҳиндиӣ!
Вале суол ин аст, ки агар ҳар руз аз худ бузург тарошӣ, бузург мешавӣ?
Давлат Сафар зимни гирифтани мукофоти давлатӣ
Шабҳои эҷодии адибон дар Иттифоқи Нависандагон аксар вақт як комедияро ба хотир меоранд. (Маъзарат мехоҳам аз раиси Иттифоқи нависандагон, дӯсти арҷманд Низом Қосим! Ман бовар дорам, ки эшон зидди ҳамин гуна намоишкорӣ аст. Вале чи илоҷ?)
Каҳрамони толорро дар кунҷи саҳна пушти мизи кӯчак мешинонанд. Миз бо гулдонаҳо оро ёфтааст. Аз ваҷоҳати қахрамон толор бе чуну чаро бояд хулоса барорад: шумо бузургед, беназиред, алломаед! Баъд паси хам мухлисон ба саҳна мебароянду дар ҳақи бузургвор мадҳу сано мехонанд.
Ҷанобашон мешунаваду лаззат мебарад. Мисле ки садои андалеб ба гӯшаш мерасад.
Баъд аз ин суханхои ширину гуворо ӯ илҳом мегираду аз ҷой бархеста чанд шеър мехонад. Ва аз қарсакзаниҳои толор, аз гулу гулдастахо ба ваҷд меояд! Ӯ имрӯз хушбахттарин инсони рӯи дунё аст!
Баъд навбат ба устодони санъат мерасад. Шояд аксари аҳли толор ҳаминро интизор буданд? Консерти ройгон!
Телевизиони тоҷик аз ин чорабинии «таърихӣ» як гузориши муфассал намоиш медиҳад. Худи қаҳрамон сабти видои шаби эҷодиашро дар ватсапу вайберу имо ва ютубканал паҳн мекунад. Аҳсан ба интернет! Баъд аз ин касе ба бузургии қаҳрамони толор шак меоварад?
Хуллас, хамон маризии саҳнасозӣ, ки ба Иттифоқи Нависандагон низ сироят кардааст!
Шаби эҷодии Давлат Сафар, бахшида ба панҷоҳсолагиаш аз рӯи ҳамин сенарияи қолабӣ дар толори Иттифоқи нависандагон сурат гирифт.
Сабти видеои ин шабнишинӣ ба ман ҳам расид. Ва ман онро ба як адабиётшиноси маъруфи тоҷик, ки нахост номашро ошкор кунам, фиристодам ва назарашро нисбати эчодиёти Давлат пурсидам. Ӯ чунин гуфт: «Вазну қофияи ашъори Давлат дуруст аст. Лекин шеъри Давлатро шеър гуфта намешавад. Бадбахтона имрӯз сатҳи маърифати ҷомеаи тоҷик ба маротиб поин рафтааст. Ва ҳамин қофиябандӣ ҳамчун шеър пазируфта мешавад. Ва саррофони гавҳарношинос, ки худро адабиётшинос мепиндоранд, дар маҳфилҳо ана хамин гуна кофиябандиро бешармона шеър унвон мекунанд».
***
Аз рӯзи аввал сиёсати президент Эмомалӣ Раҳмон возеҳу равшан буд – ба ҳам овардани миллат, якпорчагии Тоҷикистон. Дар зарфи қариб си сол ӯ дар ин ҷода корҳои бузургро анҷом дод ва дар талоши расидан ба ҳадафи стратегиаш муваффақ ҳам шуд:
— миллати дар ду сангар зидди ҳам қарор гирифта ба ҳам даст доданд;
–сулҳу осоиштагӣ дар кишвар барқарор шуд;
–садхо ҳазор гуреза ба Ватан баргаштанд;
–ҳизби зархариди наҳзат баъди кӯшиши табаддулоти соли 2015 саркуб шуд.
Дар бораи дигар дастовардхояш намегӯям, ин мавзӯи матлаби дигар аст.
Лекин дар давоми 25 соли охир бахши идеологии ҳукумат (бо истиснои чанд нафар инсонҳои воқеан донишманд) ҳамчун як сохтори дар кори худ бе салоҳият боқӣ мондааст.
Мисоли равшан ана ҳамин Давлат Сафар аст.
Борҳо изҳоротҳояш, назми сиёсиаш боиси хандахариш шуданаш гаштаанд ва ба суди оппозитсия анҷом ёфтаанд.
Борҳо ба намояндагони ҳукумат гуфтаам, ки даҳони давлатсафарҳоро бандед! Аз ин гуна ҷанговарони иттилоотӣ набуданашон беҳтар аст! Инҳо дӯстони нодони ҳукуматанд, ба ҳукумат хизмати хирсона мекунанд! Аз инҳо дида ҳамон душманҳои доно камтар хатар доранд!
Лекин давлатсафарҳо хамоно дар майдонанд…

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.