Вокуниши Ёдгор Файзов ба маҳдудсозии дарсҳои хос барои пайравони исмоилия

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба талаби як гуруҳ аз сокинони вилоят, ки аз манъ кардани дарсҳои “Ахлоқ ва маърифат”-ро дар макотиби вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ изхори норизоӣ мекарданд, вокуниш кард. 

  • Тавре аз иттилоъияи паҳнкардаи мақомоти вилоят бармеояд, “бо мақсади минбаъд пиёдасозии таълими ин фан раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросими макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Консули минтақавӣ, Шурои таълимоти тариқаи исмоилия (ИТРЕБ) ва Директори Институи илмҳои гуманитари академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот намуд”.
  • Дар ин мулоқот сабаби манъ кардани дарсҳо, ки беш аз 20 сол боз мактабхонони вилоятро фаро мегирифтанд,  “роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарсӣ ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза” шарҳ дода шудааст.
  • Гуфта мешавад “мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омухта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан … муайян карда шавад”. Мақомоти болои ин ниҳодҳо мувофиқан ҳукумати марказӣ ва Созмони Оқохони 4, дақиқтараш шахси худи ӯ мебошанд.
  • Аз иттилоъия бармеояд, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов, ки худ як замон раёсати Созмони Оқохонро ба уҳда дошт, умедвор аст, ки таълими фанни “Ахлоқ ва маърифат” дар қаламрави вилоят баъди ислоҳот дубора шуруъ мешавад.
  • Мавриди зикр аст, ки аксари сокинони ВМКБ Тоҷикистон пайравони исмоилия мебошанд.

 

The post Вокуниши Ёдгор Файзов ба маҳдудсозии дарсҳои хос барои пайравони исмоилия appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.