Воридшавии нақлиёт аз баъзе ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рустами Эмомалӣ воридшавии нақлиёти мусофиркаш аз баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба пойтахтро маҳдуд кард.

  • Тавре аз як қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бармеояд, аз 1-уми январи соли 2021 воридшавии нақлиёте, ки аз ноҳияи Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакию Файзобод ва шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат мусофиронро ба пойтахт меоранд, маҳдуд мешавад.
  • Қарори мазкур ронандагони нақлиётро мусофиронро аз Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ба шаҳр меоранд, муваззаф кардааст, ки  мусофиронашонро дар терминали “Шарқ Транс” пиёда кунанд, ки он дар баромадгоҳи Душанбе аз тарафи шаҳри Ваҳдат қарор дорад.
  • Аз терминали “Шарқ Транс” мусофирон метавонанд тавассути микроавтобусҳои №8, 39 ва автобусҳои №2, 4, 7, 43 ба пойтахт ворид шаванд, ки харҷи идовагиро талаб мекунад.
  • Мусофироне, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нияти ба Душанбе ворид шуданро доранд, бояд дар терминали “Таджиквнештранс”, ки дар баромадгоҳи Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад, аз нақлиёт берун шаванд.
  • Аз ин терминал мусофирон метавонанд тавассути мусофиркашҳои хатсайрҳои №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва бо автобусҳои №1, 2, 43 ба пойтахт ворид шаванд, ки боз ҳам хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.
  • Шаҳрдорӣ ҳадаф аз  ин қарорро  кам кардани гардиши ронандаҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва барои ба тартиб даровардани нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе ном бурдааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки қарори раиси шаҳр  ба нақлиёти мусофирбарии минтақаҳои Варзобу вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор дахл надорад.
  • Бояд тазаккур дод, ки бозори мусофиркашонӣ дар пойтахт ва хоса воридшавӣ ба пойтахт самтҳои номбурда  аз бозорҳои “сиёҳ” маҳсуб ёфта, зери контроли хешовандони президенти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафаралӣ ва Шералӣ Гуловҳо қарор дорад.
  • Аксарияти кулли терминалҳои мусофиркашонӣ аз самтҳои Рашту Файзобу Ваҳдат, Кулобу Бохтару Рудакӣ, Регару Ҳисору Варзоб моли шахсии онҳо мебошад. Дар тамоми ин самтҳо ва терминалҳо  пулчинакҳои онҳо амал мекунанд, ки аз ронандагон бо баҳонаҳои гуногун маблағ меситонанд.
  • Қарори Рустами Эмомалӣ кулли ронандагони мусофиркашро новобаста аз он ки иҷозаи расмӣ доранд ё на, ба баъд водор мекунад, ки аз хизматгузориҳои ин терминалҳо, ки аксарият ҳич  таҷҳизот надоранд, истифода бурда, харҷи иловагӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мардум аз гаронии роҳкиро дар шаҳру ноҳияҳои калонтарини кишвар шикоят мекунанд.

The post Воридшавии нақлиёт аз баъзе ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.