ВУХ-и Узбекистон кушодани шудани марзи Русияро бо Қазоқистон аз 1 октябр рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо нашри як изҳорот хабарҳоро дар бораи онки гуиё марзи Русия ва Қазоқистон аз 1-уми октябр боз шуда, муҳоҷирони дармондаи узбек метавонанд тавассути Қазоқистон ба ватан баргарданд, беасос номид.

Дар иттилоияи Ситоди фаврии вазорат, аз ҷумла омадааст, “хоҳиш мекунем, ба чунин ҳангомаҳо дода нашавед. Убури марзи Русия ва Қазоқистон бо мошин барои шаҳрвандони хориҷӣ то қарори махсуси ҷонибҳо дар ин замина номумкин мемонад.”

Ситод афзудааст, дар ҳоли ҳозир узбекистониҳои дармондае, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, тавассути парвозҳои чартерӣ, қатор ва мусофирбарҳои махсус интиқол дода мешаванд. Билети онҳо онлайнӣ фурӯхта мешавад.

Ҳамчунин аз шаҳрвандони Узбекистон хоҳиш шудааст, ки дар давраи пандемияи коронавирус аз ҳама гуна таҷаммуъ худдорӣ ва карантинро риоя карда, ҷони худро дар хатар нагузоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.