Як фаъоли иҷтимоиро дар Қирғизистон дар даъват ба ғасби ҳукумат гумонбар мекунанд

Орозойим Норматова, фаъоли иҷтимоӣ ва узви ҳизби “Бутун Қирғизистон” ба “Даъвати оммавӣ ба ғасби ҳукумат” гумонбар мешавад. Дар ин бора вакили мудофеи вай Сайидбек Давлатов иттилоъ дод.

“Ман телефонӣ бо Норматова суҳбат кардам. Мақомоти тафтишотии шаҳри Уш гуфтанд, дастур аз шаҳри Бишкек содир шудааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек иҷозаи пурсуҷӯи Орозойимро додааст”, – гуфт вакили мудофеъ рӯзи 10-уми сентябри 2021.

Расонаҳо навиштанд, ки Орозойим Норматова субҳи 10-уми сентябр дар фурдугоҳи шаҳри Уши Қирғизистон дастгир шуд. Дар ҳизби “Бутун Қирғизистон” гуфтанд, Норматова аз Уш ба Бишкек бурда шудааст.

Тафтишот мегӯяд, Норматова чанд соли охир дар Русия муҳоҷир аст ва бо аъзои ҳаракатҳои гуногун дар Русия маҷлису ҷамъомадҳо ташкил мекунад.

“Дар ҷамъомадҳо Норматова пайваста роҳбарияти Қирғизистонро танқидҳои беасос мекунад. Дар навиштаҳои Норматова низ фаъолияти ҳукумати Қирғизистон танқиди беасос мешавад. Ба ин тартиб, дар навиштаҳои охири вай нишонаҳои даъват ба ғасби ҳукумат дида мешавад”, – хабар доданд аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Чанд рӯзи пеш Норматова барои иштирок дар маъракаи дафни хешовандонаш аз Русия ба Қирғизистон омад. Субҳи имрӯз вай тасмим дошт, аз шаҳри Ӯш ба Русия парвоз кунад.

Чанде аз сиёсатмадорони Қирғизистон ба озодии Норматова даъват карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.