Як фаъоли туркман бо хатари истирдод ба Туркия рӯбарӯ аст

Як фаъоли туркман ва сокини Истанбул, ки бо интиқодҳояш аз ҳукумати  худкомаи Туркманистон маъруф аст, ахиран боздошт шуда бо хатари истирдод ба ватан рӯбарӯ шудааст. Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Маскав рӯзи 27-уми сентябр гуфт, Дурсултон Таганова ҳоло дар як боздоштгоҳи шаҳри Истанбул нигаҳдорӣ мешавад ва дар сурати истирдодаш ба Туркманистон, ӯро ҳабсу шиканҷа интизор аст. Дар як навори видеоие, ки ба забони туркӣ сабт шуда дар Телеграм канали Turkmen.news нашр шуд, худи ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯд, ки боздошт шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ кори ғайриқонунӣ, ба ҷуз нашри паёмҳо дар шабакаи иҷтимоии TikTok бо талаби озодиҳои бештар дар ватанаш накардааст. Ӯ мегӯяд, “шояд ин видеои охирини ман бошад. Ҳарчи шуд, муборизаро идома диҳед, ҳамватанони азиз”. Ӯ афзуд: “Натарсед, натарсед, натарсед!”.

Таганова ва даҳҳо туркманҳои дигар моҳи июли соли 2020 ҳангоми талоши ташкили гирдиҳамоӣ дар назди консулгарии Туркманистон дар Туркия ва интиқод аз ҳукумати президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боздошт шуд.

Аксари боздоштшудаҳо баъди чанд соаташ озод гардиданд, вале Таганова дар боздошт монд, чун мақомоти Туркия дар фикри истирдоди ӯ ба Туркманистон буданд. Ӯ танҳо моҳи октябри он сол баъди муроҷиати 11 созмони ҳомии ҳуқуқ ба мақомоти Туркия озод шуд. Ин созмонҳо он замон ҳам гуфтанд, ки дар сурати истирдод ӯро ҳабси худсаронаву шиканҷа интизор аст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Таганова гуфт, ки ӯро ба идораи муҳоҷирати Туркия даъват карда ҳушдор доданд, ки агар аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст накашад, бо мушкили ҳақи иқомат рӯбарӯ мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.