Як фаъоли туркманистонӣ аз зиндон раҳо шуд

Гаспар Маталаев, як фаъоли туркманистонӣ баъди 3 соли зиндон рӯзи 6-уми сентябр ба озодӣ баромад. Айни ҳол вай дар манзилаш қарор дорад.

Ба иттилои расонаҳо, Маталаевро, ки ба мониторинги меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта машғул буд, шаби 4 ба 5-уми октябри соли 2016 боздошт карданд. Пеш аз боздошташ вай чанд маротиба бо кормандони бахшҳои буҷавӣ ва хонандагони мактабҳо дар бораи меҳнати иҷборӣ дар саҳрои пахта суҳбат карда буд.

Дувуми октябри соли 2016 сомонаи turkmen.news акси Маталаевро аз ноҳияи Фороб бо сарлавҳаи “Одамонро дар болои мошини борбар мисли гӯсфандон мебаранд” нашр кард. Ду рӯз баъд аз он Қурбонгули Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон нисбати вазири вақти амнияти миллии кишвараш барои “иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ” танбеҳи қатъӣ эълом кард.

Ҳамон шаб Маталаев боздошт шуд. Пулис зери шиканҷа ӯро маҷбур кард, ки ба қаллобӣ ва додани пора эътироф кунад. Ба ҳамин тартиб, додгоҳ ӯро 3 сол зиндонӣ кард.

Моҳи апрели соли 2018 Гуруҳи кории СММ боздошти Маталаевро худсарӣ унвон кард. СММ гуфт, Маталаев аз дастрасӣ ба додгоҳи одилона маҳрум буд ва барои амалӣ кардани ҳуқуқҳояш зиндонӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.