Як гузаргоҳи муҳими гумрукӣ миёни Афғонистон ва Эрон “ба дасти Толибон афтодааст”

Ба гуфтаи як мақоми афғон, гурӯҳи Толибон гузаргоҳи аслии марзии Афғонисон бо Эронро тасарруф кардаанд. Нураҳмад Муҳаммадӣ, як мақоми гумруки Афғонистон дар Ҳирот гуфт, ки ҷангиёни Толибон пас аз даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ рӯзи панҷшанбе, назорати бандари Исломқалъалро ба даст гирифтанд.

Ронандагони мошинҳои борбар низ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки шуморе аз нерӯҳои сарҳадӣ ва низомиёни афғонистон ба тарафи Эрон фирор карданд.

Пеш аз ин, мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки нерӯҳои давлатӣ ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён, аз ду ноҳия ё вулусволии Ҳирот ақибнишинӣ кардаанд. Толибон гуфтаанд, ки назорати ин ду ноҳия дар дасти онҳост. Гуфта мешавад, аз ҷумлаи 19 вулусволии Ҳирот фақат 4 тои он дар назорати давлат қарор дорад ва боқимонда дар дасти Толибон аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое ба нашр расид, ки нерӯҳои Толибонро дар ҳоли аҳволпурсӣ бо марзбонони эронӣ дар наздикии ин гузаргоҳ нишон медиҳад. Хабаргузориҳои эрон ва хориҷӣ низ хабар доданд, ки нерӯҳои Толибон гузаргоҳи гумрукии Ислом Қалъаро дар марзи Ҳирот бо Эрон ба тасарруфи худ дароварданд.

Хабаргузории давлатии Эрон  –ИРНА аз як хабарнигори афғон дар Ҳирот гузориш додааст, ки “пас аз фирори нерӯҳои афғон ва кормандони гумрук, мардум вориди гумрук шудаанд”. Хабаргузории эронии ИСНА бо такя ба масъулини гумруки Эрон хабар додааст, ки бинобар таҳаввулоти ахири Афғонистон, тиҷорати Эрон бо ин кишвар дар чанд гузаргоҳ қатъ шудааст.

Руҳуллоҳ Латифӣ, сухандгӯи гумруки Эрон дар суҳбат бо расонаҳои он кишвар аз тоҷирон ва соҳибкорони он кишвар хостааст, то “маълумоти баъдӣ” аз фиристодани борҳои тиҷории худ ба марз худдорӣ кунанд.

Гуруҳи Толибон аз аввалҳои моҳи май ҳамлаҳои густурдаи худро дар чанд ҷабҳа оғоз кард ва акнун иддао дорад, ки беш аз 80 вулусволӣ аз маҷмӯи 421 вулусволии Афғонистон дар ихтиёр дорад. Бештар шудани ҳамлаҳои Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст то 11-уми сентябри имсол нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО пас аз ду даҳа ҳузурашон дар Афғонистон, ин кишварро тарк кунанд.

Тасарруфи ин гузаргоҳи муҳими марзӣ бо Эрон аз сӯи Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як ҳафтаи ахир ин афроди гурӯҳи ифротӣ ҳама гузаргоҳҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистонро низ ба назорати худ даровард. Дар пайи он, садҳо низомии афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд ва садҳо ғайринизомӣ паноҳанда шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.