Як кони тилои Қирғизистонро афроди ношинос ғасб карданд

Пулиси вилояти Норини Қирғизистон тасдиқ кард, ки як гуруҳи ношинос кони тилои Солтон-Сариро ғасб кардааст. Дар ҳоли ҳозир як гуруҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кон сафарбар шуда, қарор аст, ҳодиса имрӯз, 24 декабр муфассал шарҳ дода шавад.

Дар бораи ғасб шудани кони тилои мазкур нахуст фаъоли маданӣ Качкинбек Булатов дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи сокинони деҳаи Эмгекчил худсарона минтақаҳои Кол-Тор ва Чолок-Торро дар кони Солтон-Сарӣ ғасб кардаанд.

Фаъоли маданӣ хабар дод, ки сокинони Эмгекчил муҳофизонро тарсонда, гуфтаанд, иҷозати хаттии раиси вилояти Норинро дар даст доранд ва ғайриқонунӣ ба кофтани тило оғоз кардаанд.

Мақомоти Қирғизистон ба ширкати чинӣ-қирғизии “Zhong Ji Mining Company” иҷозат дода буданд, ки кони тилои Солтон-Сарии вилояти Норинро истихроҷ кунад. Вале фаъолияти ширкат дар пайи эътирозҳои сокинони маҳаллӣ қатъ карда шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.