Як мақоми тоҷик: “Тоҷикистон ба дарёфти воксинаи тасдиқшудаи СҶТ умедвор аст”

Як мақоми тоҷик гуфт, умедвор аст, ба Тоҷикистон воксинаи зидди коронавируси тасдиқшуда аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ворид мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфтааст, чунин умедворӣ ба хотири узви барномаи COVAX будани Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барномаи мазкур, ки зери назари СҶТ аст, 92 кишварро фаро мегирад ва ин кишварҳо умед доранд, ки бо ёрии ин созмон аҳолии худро бо воксина таъмин хоҳанд кард.  Ҷаъфаров гуфтааст, ки барои Тоҷикистон муҳим аст, ки воксинаи зидди COVID-19 аз ҷониби СҶТ тасдиқ шуда бошад, амну фоидаовар ва  интиқолаш ба Тоҷикистон ҳам осон бошад.

Пештар хабар дода мешуд, ки мақомоти Тоҷикистон умедвори дарёфти эм ё воксини Русияанд ва дар ин бобат бо мақомоти Маскав вориди гуфтугӯ шудаанд.

Ҷаъфаров гуфтааст, ки Тоҷикистон тавассути барномаи COVAX метавонад ба чанд навъи воксинаҳои зидди коронавирус умедвор шавад. Ин мақоми вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, ки 20 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама кормандони тиб, сокинони аз 50-сола боло ва ашхоси дорои бемориҳои ғайриинфексионии музмим ба таври ройгон эм карда мешаванд.

Мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон то 13-уми ноябр шумори олудашудаҳо 13308 ва марги инсонҳо бар асари COVID-19 – 90 нафарро ташкил додааст. Вале дар ҷомеа ба ин омор нобоварӣ вуҷуд дорад, чунки ба қавли бисёр онҳое, ки бемор шудаву наздиконашро аз даст додаанд, ин фактҳо аз ҷониби омори расмӣ ба қайд гирифта нашудааст. То дер вақт рад шудани вуҷуди вирус дар Тоҷикистон баҳори соли 2020 як мояи дигари нобоварии мардум ба омори расмӣ гардид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.