Як мард дар Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи як ноболиғ боздошт шудааст

Як марди сокини Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи як писарбачаи ноболиғ боздошт шудааст. Масъулони маҳаллӣ дар Ҳисор гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Регар рух додааст. Дар робита ба ин ҳодиса то кунун хабари расмӣ нашр нашудааст.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аз сӯи додситонии ин шаҳр пеш бурда мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Назари наздикони фарди муттаҳам ва низ ҷониби ҷабрдида дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Моҳҳои охир мавридҳои таҷовуз ба номус ва бадахлоқӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар як соли охир 10 ҳолати бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон сабт шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2019 як маврид зиёд аст.

Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон хостанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.