Як намунаи пропагандаи ҳарбии Русия барои тоҷикон бо маблағгузории будҷавӣ

Хабаргузории давлатии “Спутник” аз озмоиши чор навъи мушакҳои баллистикӣ ва мушакҳои болдори дурпарвоз дар Русия иттилоъ дода, онро муваффақияти ҳарбии нодири ин кишвар ҷилва додааст. Аммо…

  • Манбаъи ин хабар Вазорати мудофиаи Русия мебошад, ки иттилооти паҳнкардаашро мисли иттилооти аксари ниҳодҳои низомӣ санҷидан тақрибан имконнопазир аст.
  • Маъмулан ниҳодҳои низомии кишварҳо талош мекунанд, ки маълумоти аслии озмоишҳо, хоса додаҳои техникии онро аз бегонагон пинҳон кунанд. Аммо дар ин матлаб нишондиҳандаҳои зиёди техникӣ  (назири “ … аз 30 метр то 10 км бо суръати то 270 метр дар як сония тай мекунад”) оварда шудаанд, ки пушти он ба истилоҳ “гӯшҳои дароз”-и субъекти манфиатдор, яъне Вазорати мудофиаи Русия дида мешавад.
  • Мақола  иттилотии манфиатнок барои ин ниҳод буда, яктарафа ва бо оҳанги гунаҳкор эълон кардани ҷониби дигар (душмании ошкоро) таҳия шуда, дар он тавозуни назарҳо, ки талаботи банди 2 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” риоя нашудааст. Дар он назари интиқодӣ вуҷуд надораду аз тафаккури интиқодӣ кор гирифта нашудааст.
  • “Спутник” навиштааст, ки “Бо ёрии мушаки баллистикии байниқитъавӣ (UR-100N UTTKh), ин бахш қодир аст, ки Заминро давр зада, ба фазо дар вақти пешбинишуда ҳазорҳо километр ба ҳадаф ворид шавад. Он гоҳ, бо суръати то 24 ҳазор километр дар як соат бо траекторияи пешгӯинашаванда,  (мушаки)”Авангард” мерасад ва кафолати нобуд кардани объекти душманро дорад. Ҳимоя аз он вуҷуд надорад”. Ҷумлаи ахир моҳиятан бор кардани иродаи бохтан ба рақиб ё душман мебошад.
  • Ин матлаб ҳамчунин 5 пайванд ба матолиби дигари пропагандистӣ дорад, ки танҳо хондани сарлавҳаҳои онҳо аҳдофи аслии расонаро маълум мекунад: “Сегонаи ҳастаии Русия дар амал”, “Фитнаи Беловежск: шикастан метавонему сохтан не”, “Аврупо “вазорати дурӯғ” алайҳи Русия месозад”.
  • Расонаи русиягӣ дар матлаб аз нашрияи The National Interest гӯё иқтибос овардааст, аммо тори пайвандӣ ба он мақола вуҷуд надораду расона таъкид накардааст, ки ин  маҷалла муттаалиқ ба як созмони ҷамъиятии амрикоӣ буда, раҳбарии онро Дмитрий Саймс сиёсатшиноси ҷонибори Русия ба уҳда дорад.
  • “Спутник” ҳади аққал ду бор ба таҳрири ин матлаб даст зада, ба сарлавҳа ва матни он тағйирот ворид кардааст, ки аз як сӯ муҳимм будани паҳш кардани ин гуна иттилоъ бо забони тоҷикӣ бо харҷи маблағ аз будҷаи Русияро нишон медиҳаду аз сӯи дигар беэҳтиромӣ ба корбарони тоҷикро, зеро дар ин бораи ислоҳу тағйирот ба корбарон хабар надодааст. Ин амал бархилофи талаботи банди  15-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • Дар ин мақола 7 нишонаи возеҳи пропаганда: пешниҳоди яктарафаи маълумот, вуҷуди субъекти манфиатдор, вуҷуди интихоби иттилооти манфиатнок, дужиттилоъот (дезинформатсия), таблиғи муваффақияти низомӣ, бор кардани иродаи бохтан ба рақиб ё душманӣ ва ҳамчунин душмании ошкоро мавҷуд мебошанд. Яъне ин мақола моли журналистӣ буда наметавонад.
  •  Маврид ба зикр аст, ки расонаи “Спутник”, ки ҷузъи ожонси  Russia Today мебошад, аз соли 2014 хостори дарёфти иҷозатнома барои фаъолият дар ҳудуди Тоҷикистон шуда, як тими кори зери раҳбарии Олга Тутубалина дар Душанбе ихтисос дода буд, аммо давлати Тоҷикистон иҷозат надоду Кремлин аз таъсиси тими тоҷикӣ дар Маскав кор гирифт.
  • Бахши тоҷикии ин расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, сӯистифода аз озодии баён дар шакли кликбейт аз вижагиҳои он мебошад, ки фошкории чандин намунаашро дар сомонаи мо низ ёфтан имкон дорад.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.