Як полковники пешини СНБ дар додгоҳ посух мегӯяд

Додгоҳи низомии Узбекистон 5-уми сентябр баррасии парвандаи нави сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии ин кишвар ё худ СНБ, полковник Нодир Турақуловро оғоз кард.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти қудратии Узбекистон, парвандаи мазкур дар асоси шикояти намояндаи ширкати олмонии “International Spedition Willi Bets” – яке аз қурбониёни амалҳои Турақулов боз шудааст.

Ҷониби ҷабрдида Турақуловро дар ҳабси ғайриқонунии 17 мошини “Mercedes Bens Aktros”-и ширкат ва расонидани хисорот ба андозаи 4 миллиону 800 ҳазор евро айбдор мекунад.

Ёдрас мешавем, додгоҳи Узбекистон дар мурофиаи 25-уми октябри соли гузашта даъвои ширкати олмониро қонеъ накарда буд. Мурофиаҳои навбатии Турақулов низ ба иллати сирри давлатӣ доштани парвандааш  пушти дарҳои баста баргузор мешаванд.

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон 25-уми октябри соли гузашта бар асоси як қатор бандҳои Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “тамаъҷӯӣ, дуздӣ, гирифтани ришва, тақаллубкорӣ, боздошт, ҳабс ва муҷозоти афроди бегуноҳ, кушиши дахолат ба раванди тафтишот ва пулшӯӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд

Полковники пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Нодир Турақулов 22-уми январи соли гузашта дар шаҳри Тошканд дастгир шуда буд. Ҳамсари ӯ духтари бародари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров аст. Худи Қодиров низ дар ҳабс аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.