Як посгоҳи марзии Қирғизистон оташ гирифтааст

Раёсати Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар умури робита бо ҷомеа ва расонаҳо хабар дод, ки 29 апрел посгоҳи марзбонии Туркул дар сарҳади Тоҷикистон аз зарбаи хумпора ё миномети нерӯҳои Тоҷикистон оташ гирифтааст.

Ин хабарро ҳамчунин намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар минтақа Омурбек Суваналиев низ тасдиқ кардааст. Вай афзудааст, ба минтақа нерӯҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Бино бар маълумоти бархе аз манбаъҳо Тоҷикистон низ ба минтақаи низоъ нерӯҳои нав ворид мекунад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ҳамчунин посгоҳҳои марзии Капчыгай, Мин-Булақ, Достук, Кожогар ва Булак-Башии Қирғизистон ҳадафи зарбаҳои хумпора ё минометҳои нерӯҳои Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

То соати 8-и бегоҳ ба вақти маҳаллӣ, дар натиҷаи муноқиша дар марз 31 шаҳрвандони Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд. Яке аз онҳо аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон додааст, яке табобати амбулаторӣ мегирад. 29 ҷабрдидаи боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст. Тарафи Тоҷикистон дар бораи талафот ҳеч хабаре нашр намекунад.

Бино бар маълумоти дарёфтӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ захмӣ шудаанд, вале то ҳоло хабари ҷароҳат дидани танҳо 7 нафари онҳо расман тасдиқ шудаанд. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, низ дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.