Як сар гову гӯсола ба оилаи сегоникҳои Данғара

Ҳукумати ноҳияи Данғара ба як оилае, ки охиран соҳиби сегоникҳо шудааст,  як ҷуфт гови ширдеҳ туҳфа кардааст. Рӯзномаи “Тоҷикистон” навиштааст, ҳукумати ноҳияи Данғара ба Зулҳия Буттаева дар Рӯзи модар як сар гову як гӯсола тӯҳфа кардааст. Зулҳия Буттаева, модари 35-сола сокини деҳаи остонаи ҷамоати Лолазор 7-уми декабри соли равон сегоник ба дунё овард.

Сегоникҳо як писару ду духтар мебошанд. Волидони ин тифлакон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ менамоянд. Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон ба чанде аз хонаводаҳое, ки якбора чор тифл ба дунё оварда буданд, хона туҳфа карданд ваё ваъдаи сохтмони хонаро додаанд. Ба ҳисоби миёнаи бозор, имрӯз арзиши як сар гову гӯсола 500-600 доллари амрикоӣ нарх дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.