Як шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмони Санкт-Петербург ҷароҳати сангин бардошт

Нашрияи “Фонтанка” хабар дод, ки рӯзи 11 июн дар корҳои тахриби бинои маҷмааи варзишию  консертии “Петербургский” як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд. Нашрия мегӯяд, ки ҷавони 18-сола зери пиллаи сангине монда сутунмӯҳраашро шикаст ва ҳоло дар ҳолати сангин қарор дорад. Исми  ӯ феълан маълум нест. Ин ҷавон коргари ширкати “Балтийский синдикат” аст, ки яке аз ширкатҳои масъули тахриби сохтмон мебошад. 

Маҷмааи “Петербергский”-ро 31-уми январи имсол ба тахриб кардан шурӯъ намуданд ва худи ҳамон рӯз боми он сарозер шуд. Дар натиҷа 80% бино хароб гардид. Он замон як коргари 29-солаи шаҳрванди Русия даргузашт. Кумитаи тафтишотӣ он замон талаб кард, ки аз рӯи ҳодисаи тахриби бино парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вале бо ин вуҷуд, ҳукумати Санкт-Петербург созишномаашро бо ширкат “СКА Арена” қатъ накард. Фаъолони ҳуқуқ сохтмончиёнро дар ташкили партовгоҳи худсарона дар назди соҳилҳои дарёчаи Фонтанка гунаҳгор карданд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.