Як шахси дигари наздик ба Трамп ба коронавирус олуда шудааст

Дар остонаи дебати номзадҳои интихоботӣ ба мақоми муовинони президенти ИМА, ки рӯзи 7-уми октябр барпо мешавад, як ёвари дигари президент Доналд Трамп ба коронавирус олуда шудааст. Стефан Миллер аз ёварони наздики Трамп ва матннависи суханрониҳояш мебошад. Кейли МакЭнани, як сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки вазъи Миллер “хуб аст” ва ӯ панҷ рӯз пеш аз он ки натиҷаҳои мусбати тести коронавирусро дастрас кард, аллакай дар карантин буд. МакЭнани гуфт, ки худи ӯ ҳам ба коронавирус олуда шуда дар хона мемонад ва эътироф кард, ки вируси нав дар “Кохи Сафед хуруҷ кардааст”. Айни замон, дар сӯҳбат бо Fox News ӯ аз тадбирҳои ҳукумат дар робита бо пандемия ҳимоят кард. Баъди он ки рӯзи 26-уми сентябр Трамп ва бисёр ширкатдорони ҷамъомади пешбарии номзадии  Эми Кони Барретт ба Додгоҳи олӣ бидуни ниқоб ҳозир шуданд ва фосилаи иҷтимоиро риоя накарданд, президент мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор гирифт.  Трампро инчунин барои он интиқод карданд, ки билофосила баъди бозгашташ ба Кохи Сафед аз беморхона ниқобашро бадар кард. Мунаққидон мегӯянд, ки бо чунин рафтораш президенти олудашуда ба коронавирус ба   ҷомеа паёмҳои нодуруст медиҳанд.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.