Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовии вазири ин ниҳод Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC”-Дубай Маҳмуд Роҳпаймо доир гардид. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ: Asiaplustj.info