Як сокини Ваҳдат бо гумони ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 9 декабр гуфт, сокини шаҳри Ваҳдат Абдуҳалим Ашуровро, ки гӯё дар манзили зисташ ғайриқонунӣ мадраса ташкил кардааст, боздошт намуд. Мардро дар рафти додани дарси динӣ ба кудакон дастгир карданд. Ба гуфтаи пулис, Ашуров, ки дониши динӣ надорад, ба кудакони сокинони маҳаллӣ қонунҳои шариатро меомӯзонд. Худи мард дар гузориши вазорат мегӯяд, ки дар назди як муллои маҳаллӣ дарс хондааст.

Дар гузориши вазорат дар баробари дониши динӣ надоштани Ашуров ба он ҳам ишора мешавад, ки вай бар ивази пул ба кудакон дарс мегуфт. Вале барои онҳо ба монанди мактаб шароит фароҳам наовардааст.

Дар кишвар фаъолияти мадрасаҳои шахсӣ манъ аст, вале давлатӣ низ нест. Охирин мактаби динӣ дар кишвар соли 2016 баста шуд. Мақомот он замон гуфтанд, ки “ба хотири пешгирӣ аз гароидани ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистию террористӣ онро бастанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.