Як устоди донишгоҳи Кобул кушта шуд

Як рӯз баъди қатли се корманди телевизиони Ҷалолобод, рӯзи 3 март як профессори донишгоҳи Кобул аз тири мусаллаҳони ношинос кушта шуд. Сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки устоди донишгоҳ Файзмуҳаммад Файз дар роҳ ба масҷид барои намозхонӣ буд, ки ҳадафи ҳамлагарон қарор гирифт. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе феълан масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ду ҳафта пеш аз ин ду устоди дигари донишгоҳи Кобул бар асари таркиши мошини бомбогузоришуда кушта шуданд. Ин ҳодисаро ҳам касе ба дӯш нагирифт.

Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст. Ба иттилои SITE Intelligence Group, ки фаъолияти ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад,  куштори рӯзи 2 март дар маркази вилояти Нангарҳор кори дасти гурӯҳи ДОИШ-и воқеъ дар Афғонистон аст. Ба иттилои раҳбарияти ТВ “Инъикос”, се корманди кушташудаи телевизион 18 то 20-сола буданд ва тоза баъди хатми мактаби олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Ин ҷавонзанҳо ба ҳангоми бозгашт аз кор ба хона ҳадафи тири ҳамлагарон қарор гирифтанд.

Ҷумъагул Ҳиммат, раиси полиси Нангарҳор дар бораи куштори се кормнади телевизион ба Радиои “Афғонистони озод” гуфт: “Иттилое, ки мо дорем, мутаассифона, ин аст, ки се хоҳари мо куштаву ду нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Террористи номӣ Қорӣ Басир, ки ин корро раҳбарӣ кардааст, бо силоҳ ба даст савори рикшае боздошт шуд. Таҳқиқот ба роҳ монда шудааст. Басир ба Толибон иртибот дорад ва дар Покистон тамрин гирифтааст”

Моҳи декабр ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти куштори як барандаи телевизиони “Инъикос” ва ронандаашро дар Ҷалолобод ба дӯш гирифта буд.

Дар Афғонистон давоми моҳҳои охир аз афзоиши ҳодисаҳои қатли ҳадафмандонаи журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ ва мақомоти кишвар изҳори нигаронӣ мешавад ва ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи шӯришии Толибон дар шаҳри Давҳаи Қатар як сол аст идома дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.