Як зан дар Хатлон 4 фарзанди ноболиғашро куштааст

Мақомот мегӯянд, як зан дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чаҳор фарзандашро бо тариқи бӯғӣ кардан куштааст. Ҳодиса нисфирӯзии чаҳоршанбеи 9-уми сентябр рух додааст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, зане, ки чаҳор фарзанди ноболиғашро куштааст, 30-сол доштааст. Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир ин зан дар боздошт қарор дорад.

Сабабҳои даст ба ин кор задани модари кӯдакон то ба ҳол маълум нест. Мақомоти ВКД мегӯянд, ки додситонӣ ба тафтиши ҳодиса оғоз кардааст.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.